Мақолаҳо

Роҳ ба сӯи ободиву созандагӣ

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст. Фарзандони ба ору номуси ватани маҳбуби мо бо меҳнати ҷонфидоёнаи худ тавонистанд ин марзу бумро шукуфову зебо гардонанд. Махсусан, солҳои охир ободиву гулгулшукуфоии кишвар на танҳо мо сокинонро, балки меҳмонони хориҷиро низ ба ваҷд овардааст. Ҳамаи маскунони давлати соҳибистиқлоламон баҳри ободонӣ саъю талоши беандоза доранд.

Бояд зикр кард, ки дар ҷомеаи имрӯза нафароне пайдо мешавад, ки сулҳу субот ва фазои ороми кишвар барои онҳо писанд нест ва мехоҳанд, ки ин оромӣ ва суботи ҷомеа халалдор гардида, дубора Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат расонда, теша ба решаи миллати куҳанбунёд зананд. Ба ин афроди Заҳҳоксиришт хурдани хуни одамон ва қатли мардум як кори содда ва осон менамояд, бехабар аз он ки куштан,  зулму ситам ва беадолатӣ нисбат ба инсон гуноҳест азиму нобахшиданӣ. Боз модаре ҷигарбандашро аз даст медиҳад ва кӯдаке боз бе парастор ва зору ҳайон мемонад. Ба хоинони ватан, ки намегузоранд халқи куҳанбунёди тоҷик орому осуда бошад бо хитоб мегуем: Бас аст, бас аст ҷангу низоъ ва кушторҳои бераҳмона.

Мо бояд аз солҳои 90 – уми асри гузашта сабақ бигирем ва нагузорем, ки душманон ва хоинони ватан боз маҷрои зиндагии мо, ки роҳ ба сӯи ободиву озодагӣ дорад, халалдор намоянд ва осмони бецубори моро бо чангу цубор ва оташи дуд  тира созанд.

Ҳангоми таҳлили ҳодисаҳову воқеаҳои асри гузашта аён гардид, ки баъд аз пошхӯрии ҳукумати шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои собиқи он бетартибиву бнизомӣ ба авҷи аъло расида буданд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф зуҳур карда буданд, ки ҳадафу мақсадҳои гуногун доштанд. Бархе аз ин ҳизбҳо ба ном «ватанпарвар», вале дар асл бадхоҳи миллтату ватани мо буданд. Ин гуна афроди ба ном «ватандуст» бо аъмоли зишти худ ҳазорон одамони бегуноҳро ба ҳалокат расонда, биноҳои ободро хароб, мардуми осоиштаро то ҳатто дар деҳаҳои гуногун ба даҳшат оварда буданд. Халқи бечора зору ҳайрон монда, ба кишварҳои хориҷӣ фирор мекарданд. Асосан  халқи тоҷик ба ҳайси гуреза дар кишвари ҳамсоя  Афцонистон паногоҳ ҷустанд ва дар он ҷо монда буданд. Дар аснои фирор ва убур аз дарё бисёр занону кӯдакон царқ шуда, то ҳоло ҳам захми дили ҳамватанон шифо наёфтааст ва ба қавле ин захм ҳеҷ гоҳ шифо намеёбад.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар хотири мо ашхосе, ки он замон ҷавон будем нақш бастааст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Ба ҳаракатҳову ҳизбҳои шубҳаҳовар мо дигар бовар ва эътимод надорем.

 Мо бояд дар замири кӯдакон, наврасон, ҷавонон ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарвариву ватандӯстиро бедор намоем. Ҳамаи мо тарафдори сулҳу салоҳ ва истиқлолияти давлатӣ мебошем ва мекушем, ки ватанамонро мо бо меҳнати ҳалоли худ боз ҳам тараққӣ диҳем.

Ҷумъаева Б., омӯзгори ДДХ ба номи М. Назаршоев

Log in

create an account