Мақолаҳо

Раъйпурсии умумихалқӣ дар фазои озод баргузор гардид

Чуноне  ки ба ҳамагон маълум аст,  дар таърихи 11- уми октябри соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи президенти кишвар ба тариқи раъйпурсии умумӣ баргузор гашт. Мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла,  касоне, ки ҳуқуқи овоз додан доштанд, ҳама якдилона дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат намуданд. Албатта, дар зери осмони соф ва фазои сулҳу оромӣ барои фарди ватандӯст ва бо ору номуси миллат барои овоз додан ба шахси арзандаи даврон баҳри шукуфоии давлату миллат як хушбахтист. Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик кунун ҳаёти осудаву хушбахтона ба сар мебаранд, ки ин аз баракати ваҳдату истиқлолияти давлатии кишвари Тоҷикистон аст. Давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ гардидани Тоҷикистон маҳз самараи ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ аст. Ин ду падидаи муҳими сиёсӣ боис гардиданд, ки маъракаҳои дигари сиёсӣ дар кишвари маҳбубамон озодона ва бо як дилгармиву садоқат дар фазои мутантан баргузор гарданд. Аз ин ҷост, ки интихобот ба мансаби президенти кишвар рӯзи якшанбе аз тарафи шаҳрвандони мамлакатамон тибқи талаботи умумӣ ва ягонаи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар шаффоф ва бо риояи қонуну қавоиди давлатӣ баргузор гардид. Барои ҳамагон ширкат варзидан дар чунин як маъракаи сиёсӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва овоз додан барои шахси арзанда вазифаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад ва халқ низ барои иҷро намудани ин вазифаи шаҳрвандиашон якдилона иқдом намуда, ҳамагӣ дар интихобот иштирок намуданд.

Барои соҳиб шудан ба мансаби президенти кишвар шахсони баруманд ва бомасъулият аз ҳизбҳои гуногуни Тоҷикистон номзадии худашонро пешкаш намуда, шахсони боэътимоди онҳо нақшаҳои дурнамояшонро барои пешравии кишвари маҳбубамон барои мардум шинос намуданд.  Халқи кишвар бо барнома ва нақшаи пешбурд ва фаъолияти онҳо баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолии кишвар шинос гашта, бе ягон зуроварӣ ва таҳдидҳои беруна мувофиқи хоҳиш ва хости худашон овоз доданд. Шахсони мариз ва солхӯрда ва шахсоне, ки имконияти ҳозир гаштан ба участкаи интихоботӣ надоштанд, низ тавонистанд раъйи худашонро нисбати шахси арзанда ба мансаби президент бидиҳанд. Зеро мувофиқи қонун шахсони махсус аз ҳайъати аъзоёни комиссияи интихоботӣ бюллетенҳои овоздиҳии шахсони имконияташон маҳдуд ва маризу солхӯрдаро ба хонаҳои шахсони мазкур бурда, онҳо овозашонро доданд. Инак аз миёни интихобшавандагон шахсияте, ки овозҳои бисёртарро соҳиб мешавад, президенти кишвар интихоб мегардад  ва мо мутмаинем, ки шахси аз ҳама аразанда ба ин мақом соҳиб гашта, бо сиёсати хирадмандонаи хеш ва бар пояи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ кишвари маҳбубамонро идора менамояд. 

Ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Муборакшоева Малика

Log in

create an account