Мақолаҳо

Эмомалӣ Раҳмон - Президенти мардумӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз оилаи деҳқони оддӣ аст. Ҳеҷ фаромӯш намесозам, ки аз рузҳои аввали ба сари қудрат расидани ҷавони 40 сола, аз оилаи деҳқони оддии деҳотӣ ҷони худро дар хатар гузошта, мардонавор вазифаи Роҳбари давлатро ба ӯҳда гирифт.

Пешвои хирадманди мардуми тоҷик, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат,  манфиати халқу ватанро дар мадди аввал гузошта дар ҳамин роҳ саъю кӯшиш меварзад. Ҳамин аст, ки Президент Эмомалӣ Рахмон ҷомеаро ба устуворӣ ва субот оварда расонд.

Имрӯз Президенти кишвари мо, ба хиради халқи меҳнатқарин такя намуда, то сатҳи сиёсатмадори ҷаҳонӣ  расиданд.

Инро бояд дар ягон маврид фаромӯш насозем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон фарзанди халқи тоҷик аст ва баҳри беҳбудии Ватани азизамон шабу руз меҳнат менамояд. Баҳри расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ Пешвои миллатамон ҷони ҷавонашро на якбору ду бор ба гарав монд, балки чандин маротиба душманону бадхоҳони миллат ба ҷони Президент суиқасд анҷом доданд, ки хушбахтона тирашон хок хурд ва ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд.

Иқдоми ҷасуронаи Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ба ҳар тоҷику тоҷикистони рӯҳу илҳоми тоза мебахшид. Азму талош, ҷонбозиҳо ва хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони миллати тоҷикро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан танҳо ақлу хиради солиму закӣ ва матонати устувор метавонад амалӣ созад.

Эмомалӣ Рахмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат хидмати бузурге кардааст, ки ин шахси нодир, сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ  ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва миллатро аз парешонӣ ҳифз намуда, мардумро сарҷамъ намуд.

Имрузҳо вақте пандемияи “Коронавирус” тамоми дунё аз ҷумла, кишвари моро таҳдид менамояд, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллати худ ба гушаҳои гуногуни кишвар сафари корӣ анҷом дода, баҳри таъмини амнияти озуқавории давлат, дар ифтитоҳи корхонаҳои саноати иштирок намуда, ба заминҳои кишт ташриф оварда, аз ҳосилҳои бадаст овардаи деҳқонон ва кишоварзон дидан намуда истодааст.

Метавон дар ҷамъбаст гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон аз оилаи деҳқони оддӣ буда, Президенти мардумӣ аст.

П.Саодатқадамов

сокини н.Шуғнон, нафақахур

Log in

create an account