Мақолаҳо

ИНТИХОБОТ-ИФОДАКУНАНДАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ ВА БАЁНГАРИ ИРОДАИ СИЁСИИ МАРДУМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2020 дар кишвар интихоботи навбатии Президентӣ баргузор мегардад, ки аз ҳар як шахс масъулияти баланди шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар ва муайян намудану баҳогузорӣ ба беҳтарин барномаи пешазинтихоботии номзадҳо барои ҳафт соли оянда тақозо дорад.

         Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар инкишофи муттассили ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари демократӣ буда, ҳокимият ё идора намудани он дар дасти халқ аст. Яъне фақат халқ ҳуқуқ дорад, ки вакил ё Президенти давлати худро интихоб кунад ва баҳри ворид намудани таъғирот ба Конститутсия раъй диҳад.

         Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи ҳуқуқи башар низ  нишон дода шудааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад, дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад».

         Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Яъне ин маъракаи сиёсие мебошад, ки халқ тавассути иродаи сиёсии худ тақдири минбаъдаи кишвари худро  муайян менамояд. Маҳз шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

         Дар хусуси мақоми сиёсии Президент метавон гуфт, ки Президенти кишваре будан зоҳиран як амри табиӣ ва оддӣ метобад, лекин дар асл як масъалаи ҷиддӣ ва андешахоҳи рўз аст. Яъне ҳар кас, ки онро ягон институти сиёсӣ ба ин мақоми олӣ пешниҳод менамояд, ҳуқуқи Президент шуданро дорад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳар кас метавонад дар ин мақоми сарварӣ рисолаташро бо сарбаландӣ анҷом диҳад? Зеро дар марҳалаи мураккаб гардидани равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва торафт пурихтилоф гардидани авзои сиёсии сайёра муаррифӣ намудан ё намояндагӣ намудани як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пиёда намудани сиёсати дохилию хориҷӣ ва андешидани тадбирҳо баҳри боло бардоштани иқтисоди миллӣ, ки салоҳияти асосии Президентро ташкил медиҳад, кори осон нест.

         Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду эътимоди самимӣ доранд.

         Зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар тӯли фаъолияти худ ба мақоми Президент алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кунад, сохти конститутсиониро барқарор ва амалишавии чор ҳадафи стратегиро таъмин намояд.

         Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз соли 2000 ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, имрӯз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ шинохта шудааст.

         Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷаҳониён мардуми моро ҳамчун мардуми  сулҳпарвар, Сарвари давлати моро ҳамчун сарвари сулҳофар ва пойтахти кишварамонро макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ эътироф намудаанд.

         Маҳз барои ҳамин халқи шарифи Тоҷикистон баҳри рушди босуботи минбаъдаи кишвар ва идома додани сиёсати созанда номзадии Президенти амалкунандаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуданд ва тақдири миллату кишварро барои ҳафт соли оянда ба дастти ӯ супурданд.

         Анвар Акрамов – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ

Log in

create an account