Мақолаҳо

“Хиёнат” ва ёде аз солҳои 90

Тамошои  филми ҳуҷҷатии  “Хиёнат”  хаёлан маро  ба солҳои  90-уми  асри  гузашта бурд. Пеши назар  шаҳри  Хоруғи он солҳо  бо  тамоми ҷиҳатҳои  мусбӣ  ва албатта даҳшату  ваҳшаташ  меояд. 

                                Дар Бадахшон  гули  маҳфил  Хоруғ,

                                Ҷой дар  дидаву  дар  дил  Хоруғ....

  Вале  Хоруғ, он  шаҳрчаи зебову  дилнишин  дар  бағали  кӯҳро  он  солҳо  гурӯҳҳои  силоҳбадаст, ки  зоҳиран  ба  Ҳизби  наҳзати ислом  нигоҳ  мекарданд, иҳота  карда  буданд. Ҳар  як  маҳалларо қумондоне  сарварӣ мекард. Наҳзатиҳо  тариқи ин гурӯҳҳо  сиёсати  манфури  худро пеш  мебурданд. Аҷиб  ин, ки  сафи  наҳзатиҳо бо вуҷуди он  ки  сиёсати ин ҳизб  ба  дину  оини   мардуми  Бадахшон тамоман  созгор  нест, дар  вилоят  рӯ  ба  афзоиш  дошт.

   Соли  1993  буд. Чун рӯзноманигор  боре  ҳамроҳи  котиби якуми  кумитаи  вилоятии  ҲК Тоҷикистон   Соҳибназар  Бекназаров  ба  ноҳияҳои  Дарвоз ва  Ванҷ  сафар кардем.  Дар  ноҳияҳо   С. Бекназаров  бо  фаъолони  ҳизб   мулоқот  карданд, бо   шахсони  баруманди ин  ноҳияҳо   суҳбатҳои  алоҳида анҷом доданд. Дар ноҳияи  Ванҷ зимни  чунин  як  мулоқот  коммунисте аз он  изҳори  ташвиш  кард, ки  дар деҳот  бо  як  “хатчаи”   Акбари  Тураҷонзода  ҷавононро  ба  аскарӣ  бурда  истодаанд. Баъди бозгашт  ман ин  хабарро дар саҳифаи   рӯзнома ба нашр  расондам. Ҳамчунин бо  изҳори   нигаронӣ   дар  мақола  зикр  шуд, ки  овоза  аст, ки  гурӯҳҳои  алоҳида  аз  Афғонистон ба  тарафи  мо  силоҳи  ҷангӣ гузаронда  истодаанд  ва   мақомотҳои  дахлдори  давлатӣ   бояд аз  ин   ҷилавгирӣ  кунанд. Зеро  ин   аслиҳа имрӯз хомӯш  аст, вале  як  рӯз аз он  тир  холӣ  мешавад, ба синаи  кӣ  мерасад, маълум  нест, вале  ҷони одам  аз  даст  меравад, модаре  фарзандашро аз даст медиҳад, ҷавоне, ҳоло   як  гули  умраш  ношукуфта, ғурамарг  мешавад, тифле  ятим  мемонад ва  амсони  ин.

      Баъди  чанд  рӯзи  нашри  мавод  ман  соатҳои  13  аз   пленуми   комитети   ҳизби  коммунисти  шаҳри  Хоруғ  баромада, нияти ба хона, ба  деҳа  рафтан  доштам. Он  вақт дар  кӯчаҳои  шаҳр одамон кам  ба  назар  мерасиданд. Мошин ҳам набуд. Пиёда ба  роҳ баромадам. Дусад  қадам  нарафта  будам, ки аз ақиб  садои  мошин  ба гӯш  расид. Нигоҳ  кардам, як  мошини  “Нива”  меомад. Бо  шаст омаду   якбора наздам истод.  Ман  аз  садои    соиши   шинҳои  мошин  ба  замин ва чангу  ғубори  аз пушти  он  хеста  ҳоло  бахуд  наомада  будам, ки  худро  бо  “кумаки” ду  ҷавони  бузбала  даруни  мошин  дидам. Маро  дар  ақиби   ронанда  ҷой  доданд. Паҳлуи  ронандаи ришдароз  ҷавони  калтачапӯши руймолдаргардан  менишаст. Дасти росташ   автомати  Калашниковро дар  паҳлуяш  маҳкам  нигоҳ медошт. Ҷавони ҳампаҳлуям тапончаи  “Макаров”-ро  дар  дасташ  бозӣ  доронда,  ба  “насиҳатам” сар кард: Ту беақл, чӣ  ба кори  мо  дахл  мекунӣ?  Тӯраҷонзода  киву  ту кӣ? Чӣ ба  аскарбача ҷамъкунии  мо  часпидӣ, кори  дигар   надорӣ? Мо  аз онҳо  одам тайёр  мекунем, машқ  медиҳем, онҳо дар роҳи дин  ҷиҳод  мекунанд, ту баринҳоро  аз фарҳанги бегона нигоҳ  медоранд. Галустукаша  бину.Эй  кай  ақлатон  мерасад? Маро   ёрои  лаб  кушодан  набуд. Чунон  дашномҳои  қабеҳу  таҳқир  ва  мушту шаппотӣ  бар  сарам  рехт, ки  дигар  маҷоли  гап заданам  намонд. Дар  ҳамин  ҳол  мошин назди  як  бинои  нимвайрона,  ки тирезаҳояш  шишаи сиёҳ   доштанд, қарор  гирифт. Маро  кашон-кашон  ба бино  дароварданд. Ин ситоди  мухолифин буд. Онҳо  маро  ба  қавлашон   “разбор”  карда, қарор  доданд, ки дар  таҳхона ба ҳабс гиранд. Онҳо  талаб  доштанд,   ким- кадом муроҷиатномаи   силоҳбадастони ноҳияеро, ки  “ ҷавонони   ғайюри   Бадахшонро”   барои ҷанг ба муқобили   қувваҳои  ҳукуматӣ  даъват мекард, дар рӯзнома ба чоп расонам. Ман  ба  таҳдиду  таҳқир, азобу  шиканҷаи  онҳо  нигоҳ накарда, розӣ  нашудам.  Баъди 2-3 соат  маро аз таҳхона озод карданд. Баъд  фаҳмидам, ки барои  аз  дасти  онҳо халос  шуданам  Раёсати  КАМ-и Тоҷикистон  дар  вилоят  даст  доштааст. Зоҳиран, фаъолияти  силоҳбадастон аз нигоҳи  кормандони  амнияти кишвар берун  намондааст.  Аз ҳоли  ман фақат  онҳо  дарак  дошта, барои  аз  гаравгон халос  шудаам чораҷӯӣ кардаанд. ..Ман беҳолу  бемадор, ошуфтахотир  баъди 6 соат пои  пиёда  ба  хона  расидам. Рӯзи  душанбе ба  Хоруғ  омада, рост ба назди полковник Имомназар Раҳматназаров, ки  дар вазифаи  муовини  сардори   Раёсати  КАМ Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  вилоят  кор  мекард,  даромадам.  Полковник маро  нағз қабул кард. Ҳоло   мақсади  омаданамро  нагуфта будам, ки  бо  табассуми  ба  худаш  зебанда  пурсид:

 -Тарсонданд, ягон ҷоят лат  нахӯрд?

 Ман  изҳори  тааҷҷуб  кардам, ки  чӣ хел  онҳо   аз ҳодиса дарак  ёфтаанд. Вале И. Раҳматназаров равшанӣ андохтанд, ки  онҳо маводро  дар  газета хондаанд  ва тақрибан  медонистанд, ки  бояд муаллиф зери  назари мухолифин  қарор гирифта, як  навъ  ҷазо ҳам  гирад. Бинобар ин  чанд  рӯз  таҳти  назорати  одамони  мо  қарор  гирифтанат  лозим  буд.  Бо дахолати  одамони  мо шуморо озод карданд, вале  эҳтиёт кунед. Чунки  шуморо   онҳо  минбаъд ҳам таъқиб  карданашон  мумкин аст.Ман  пурсидам:

-Чаро аз рӯи  қонун  ҷазо  намебинанд, онҳо-ку  ҷиноят  карда  истодаанд?

- Медонам, ҷиноят  содир  мекунанд, садҳо нафар аз дасти  онҳо  азоб  дида истодаанд, ҳар рӯз чандин нафар бо шикоят  назди мо меоянд, вале мо имрӯз қуввае  надорем, ки  онҳоро ба ҷавобгарӣ  кашем. Имрӯз  онҳо  силоҳ  доранд, мошин  доранд, аскар  доранд, мо дар  назди онҳо  хеле заифем. Онҳоро  хоҷагони  хориҷиашон пул  медиҳанд, силоҳ медиҳанд  ва кор  мефармоянд. Аз он ки наҳзатиҳо  аз  мамлакати  ҳамсоя  силоҳ мегиранд,  дар ноҳияҳо   ғайриқонунӣ  аскарбача ҷамъ мекунанд,  мо дарак  дорем. Дар ин  бобат ба марказ  ҳам  хабар  додем, вале  ҳоло  вақту  соати  дастгир  кардану  ба  ҷавобгарӣ кашиданашон  нарасидааст. Дар он тарафҳо  ҷангҳо  рафта  истодаанд. Он  тараф  тинҷ  шавад, навбати  наҳзатиҳои   мо  ҳам  мерасад. Ман аз назди   сардор бо хотири парешон баромадам,  як  гӯшаи дилам  ҳоло  сиёҳ буд.

     Дар ҳақиқат  ман бо  наҳзатиҳо  боз чанд бори  дигар вохӯрдам.  Ва ҳар дафъа  нисбати онҳо ҳисси нафратам бештар мешуд.  Бори  дигар ман  бо  ду  мӯйсафеди  нуронӣ- омӯзгорони  варзида  Қ. Орумбеков   ва  Д. Алидоншоев  баъди   тайёр  кардани  саволномаҳо барои олимпиадаи  мактаббачагон   ба  кӯча  баромадем. Чашмам  ба    мошинаи   “Нива”   расид, ки дар  як  тарафи  роҳ  истода,  чанд  ҷавон  дар  атрофи  он  ҷунбуҷул  доштанд. Ин  ҳамон  мошинаи  шинос  буд. Мо аз назди  он ноайён  гузаштанӣ  будем, ки  ҳамон ҷавони  шинос   тарафи ман:” муаллим,  як дақиқа мумкин?”- гуфт. Ман  ноилоҷ истодам. Ӯ ба ман  оҳиста  ва  бо таҳдиду нафрати  беандоза гуфт, ҳоло бепарво  гард,  аз болои  мо  шикоят  кун, мо ба ҷиҳод  меравем, Душанберо, ки  гирифтем, навбати  шумо  ҳам  мерасад. Бо тирҳои  аввалин ту, хуҷаинонат Боймамад Алибахшев,  Соҳибназар Бекназаров  ва Ғарибшо Шаҳбозовро  дар  майдони марказӣ пеши  мардум   мепарронем  ва  намегузорем, ки  ягон кас  ба  ҷасадатон  наздик шавад, ҳамон ҷо  пӯсида  меравед.

   Ман оҳиста аз наздашон рафтам.  Муаллимони ҳамроҳ шояд  пайхас бурданд, ки   гуфтанд: “даври  ин одамхӯрҳо  наздик шудааст. Инҳо  на  дину  ойин,  на  падару  модар ва  на  ватану  миллат  доранд, худо  ҷазояшонро  медиҳад, ту парво накун.”

Ин  рӯзи 18 октябри соли  1993 буд. Дар ҳақиқат  силоҳбадастон  ба маркази  ҷумҳурӣ ҳам рафтанд. Вале рӯзи  24  октябр онҳоро неруҳои  ҳукуматӣ  аз Душанбе шармандавор  бароварданд. Нақл мекунанд, ки  онҳо  ҳатто  барои роҳбарӣ ба ҷанг дар  шаҳр  байни  ҳам ҷанг шудаанд.  Аксарияти  ҷавонони ба фиреби  наҳзатиҳо  афтода  баъди  ин  шикаст аз онҳо  пурра  рӯй  гардонданд. Зеро  дурӯягии  онҳо дар ин  ҷо бори  дигар ошкор  гардид. Хушбахтона, дигар  бо  он  “дӯстонам”   во нахӯрдам.  Шояд онҳо ҳам аз  ҷумлаи нафароне  буданд, ки аз роҳи  ҷаҳлу  нодонӣ фирефтаи  ваъдаҳои осмонии  наҳзатиҳо, ба хотири долларҳои  ҳароми онҳо  шуда, ба роҳи  хато  рафтанд. Мумкин  ҷонашонро  дар  ҷангҳои  бемаънӣ  аз даст додаанд, ё дар   Сурия   супориши  наҳзатиҳоро ба ҷо меоранд. Маро  наҳзатиҳо, ки:

                                     Зиёни  касон  аз  паи  суди  хеш,

                                      Биҷӯянду дин андароранд пеш.-

 нафрат  меояд.  Як  ман не, балки тамоми мардуми меҳнатқарини  Тоҷикистон нисбати онҳо  нафрат доранд. Зеро  онҳо дар  тули  солҳои  фаъолияташон барои  миллати  худ, ҳатто  наздикони  худ  ягон  кори  хайреро  анҷом  надодаанд.   Онҳо  имрӯз ҳам ба хориҷи  мамлакат  гурехта, ором  намеистанд. Мисли буқаи безот шох мезананд, намегузоранд, ки дар ватани  аҷдодиашон оромӣ  бошад, мардум  тинҷ  зиндагӣ кунанд, бар  ивази  маблағҳое, ки хоҷагонашон  медиҳанд, ба  ватану  миллати  хеш  хиёнат мекунанд. Аҷиб аст, чаро  онҳоро мамолики  ғарб, ки  лофи адолатпаноҳӣ  мезананд, ин қадар  гарм дар  оғуш  гирифта, ба муқобили миллати  худашон шӯр меангезанд. Чаро  мақомоти дахлдори  кишвар онҳоро барои  дасисаву туҳмат ба ҷавобгарӣ  намекашанд?

  Дар омади гап, пешниҳод  менамоям, ки филми “Хиёнат” дар  тамоми  муассисаҳои  таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва касбиву техникӣ  дар соатҳои  тарбиявӣ, дигар  машғулиятҳои беруназсинфӣ  намоиш ва таълим  дода  шавад. Зеро  бисёре  аз  ҷавонони кишвар, ки  азобу шиканҷаи наҳзатиҳоро  бо  чашми  худ  надидаанд, ба он  бовар  надоранд, ки  одам  то  ин  дараҷа ноодам  мешудааст, ки  ба  хотири  мансабу  вазифа бар сари  мардуми  хеш теғ мекашад.   Филми  ҳуҷҷатии  “Хиёнат”  дар  мисоли  ҳодисаҳои  воқеӣ  исбот менамояд, ки  наҳзатиҳо  ба чӣ хислатҳои ғайриинсонӣ  қодиранд.

Раҳмони  Гулзор, ш. Хоруғ

Log in

create an account