Мақолаҳо

Э. Раҳмон - Президенти мардумӣ

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз пошхурии собиқ ИҶШС ҳар як давлат паси якдигар Истиқлолияти худро ба даст оварда, аз мустақилияти худ хабар медоданд.

Чумҳурии Тоҷикистон низ 9-уми сентябри соли 1991 давлати соҳибихтиёр гардид ва он шабу руз гуруҳҳои манфиатдор барои омадан ба сари қудрат созмону иттиҳодҳои гуногуни ғайриқонуниро таъсис дода, сабабгори сар задани ҷанги бародаркушӣ шуда, кишварро оғуштаи хун карданд.

Собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиевро аъзоёни гуруҳи террористии “ҲНИ” иҷборан дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт намуда, аризаи истеъфояшро бо роҳи маҷбурӣ гирифтанд. Он замон Давлати тоҷикон дар ҳолати парокандагӣ қарор дошта, роҳбарии кишварро ягон нафар бар душ намегирифт.

Дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ дар ш.Хуҷанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон ҷонӣ худро дар хатар гузошта, Сарварии кишвари ҷангзада ва оғуштаи хунгаштаро бар ӯҳда гирифт.

Сокинони ҷумҳурӣ бояд суханони Роҳбари давлат, ки рӯзи сеюми ба сари қудрат омаданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд иброз намуда буданд: «Мақсади асосии ман ба ҳайси роҳбари давлат ин гирифтани пеши роҳи ҷанги дохилӣ, сулҳу суббот овардан ба ҷомеа, Ваҳдати миллӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, баргардонидани гурезагон ба Ватан, наҷоти давлату миллат аз нобудӣ ва парокандагӣ аст» фаромуш насозанд.

Ҳар як давлату миллатро маҳз тавассути фарзандони фарзона, миллатдӯст, ватанпарвар ва содиқаш, ки дар роҳи пойдории миллату Ватан  ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ мешиносанд ва арҷгузорӣ менамоянд.

Зиндагиномаи чунин фарзандони баору номус ва фарзона ҳазорон қиссаҳову достонҳоро, хотироту ёдномаҳои фаромӯшношудание доранд, ки ин саҳифаҳои сабақомӯз ибратбахш ҳамчун равшангари роҳи ояндагон ва наслҳо дар таърихи ҳазорсола маҳфуз хоҳад монд. Чунин нуқтаҳои асосӣ ва сабақҳои зиндагиро имрӯз мо дар корбурди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро аён-аён дида истодаем ва ба матонату ҷасорати худододаш сари таъзим фуруд меорем. Танҳо роҳбари давлат тавонист ин бори гаронро бар дӯш гирад. Имрӯз бо як эҳсоси инсонӣ гуфта метавонем, ки Роҳбари давлат ҳамчун раҳнамои воқеии мардуми хеш ва ҷаҳон буда, ҳар як давлату миллат пурра эҳсос менамоянд, ки давлати тоҷикон бо сарвари дурандешашон барои ҳар якашон ҳамдилу ҳаммаслак ва ҳамандеш дар пешбурди ҳаёти минбаъдаашон мебошад.

 Равшанфикрӣ ва ояндабинии Роҳбари давлатро дида, ҳар яки мо ба ӯ садоқати бепоён дорем ва онро дар андеша ва қалби хеш ҳифз менамоем, зеро чун ӯ инсони дар қавлаш устувору асилро то кунун надидаем. Маҳз ҳамин чеҳраи сиёсии устувори кишвар буд, ки халқи хешро аз тамоми нобасомониҳои зиндагӣ раҳо дода, тавонист маҷрои зиндагии мардуми кишварашро ба соҳили мурод расонад. Давлати тоҷиконро аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муосир ба роҳ монда, марҳила ба марҳила ҳаёти осоиштаро комилан таъмин карда тавонист.

 Имруз бо дили пур гуфта метавонем: Бахти мардуми тоҷик барои наҷоти ин давлат баландӣ кард. Ба мо инсонеро ато намуд, ки нахустин қадамаш баҳри наҷоти мардум нерӯи хешро равон намуд. Ҳамин саробон буд, ки бинои шикастаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии миллати тоҷикро куллан аз нав эъмор карда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун як давлати мустақил ва озоду демократӣ нишон дода тавонист.

Пешвои миллат аз оилаи деҳқони оддӣ буда, аз ҳаёт ва тарзи зиндагии мардуми кишвар доим бохабар аст ва мо метавонем Э.Раҳмонро Президенти мардумӣ ном барем.

Мо хоҳонем, ки минбаъд низ сарнавишти ватану миллати ҷовидон дар дасти чунин фарзанди фарзонаву хирадманд ва номбардору номдори тоҷик чун, Эмомалӣ Раҳмон бошад.

П. Саодатқадамов, сокини н.Шуғнон, нафақахӯр

Log in

create an account