Мақолаҳо

“Хиёнат” хиёнати назҳатиҳоро ошкор кард

Тамошои манзараи хиёнат, ки  ба воситаи оинаи нилгун нишон дода шуд,даҳшате буд, даҳшати ҳанӯз ҳам аз байн нарафта ва манзарае буд сиёҳу манфур барои дирӯзу имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон.Симои манфури хиёнаткорони миллат бори дигар моро водор месозад,сари ин падидаи  носолим андеша намоем. Дар ин ҷо пеш аз ҳама мақоми хоҷагони хориҷ ҳувайдо мегардад.Давлати Исломии Эрон баҳри пиёда кардани манфиатҳои худ ба дӯстиву бародарии куҳан хиёнат намуда,амалҳои носавоби худро бо дасти фарзандони тоҷик роҳандоз намуд.

Даст задан ба куштори афрди соҳаи илму фарҳанги тоҷик ин далели аз байн бурдани давлату миллат аст. Агар миллат аҳли фарҳангу илмро аз даст диҳад, ӯ дигар миллат шудан наметавонад.Аз байн бурдани пешвоёни илму фарҳанг метавонад нақшаҳои онҳоро  тезтар амалӣ намояд.Миллат бе олимону шоирон, бе сиёсатмадорону аҳли илм  миллати раҳгумеро мемонад,ки ҳамеша фиребидани он осон буда, бо ҳар роҳ метавон ӯро ба вартаи ҳалокат андохт.

Куштори абармардони миллат маҳз ба ҳамин хотир буд. Нигарони аз он аст,ки дар ин қазияи манфур симои фарзандони миллат низ айён мегардад. Онҳо зархаридони хоҷаҳо буда, шарафу номус, ифтихои миллӣ ва масъулияти ватандории худро зери по намуданд.Инсон вақте,ки шарафи миллии худро зери по месозад,ӯ узви он миллат шудан наметавонад. Зархаридони хориҷиён аз қабоили онҳоянд.

         Дар ин ҷода пеш аз ҳама мақоми ҲНИ нишонрас аст. ҲНИ ядроест,ки ба воситаи он тамоми  амалиётҳои бегонагон тарҳрезӣ шуда, паҳн мешаванд. Дар Тоҷикистон ба бор овардани носолимии ҷомеа ва муташаниҷ нигоҳ доштани вазъи он пеш аз ҳама ба  ҲНИТ мансубият дорад.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест,ки аз солҳои 80-ум сар карда озодфикрӣ дар ҳама ҷабҳаҳо вусъати тоза касб намуд.Дар баъзе аз Васоити Ахбори Омма назарандозиҳо ба масъалаҳои миллӣ шурӯ  гардид.Оқибат ин назарандозиҳо  ба маҳалбозиҳо табдил гардида,лаҷоми он ба дасти манфиатҷӯён расид. Дар ин замина тафаккури диннии ҷомеа таҳким  ёфта,барои  амалисозии ҳама гуна ақоиди дини заминаи устувори идеологӣ падид омад.

         Нақшаи таъсиси ҲНИТ аз ҷониби идеологҳои беруна маҳз аз ҳамон солҳо рӯи кор омад.Мардуми гумроҳу ошуфта ба онҳо эътимод бастанд.Дар ин роҳ онҳо аз сухангӯён, нотиқони оташинсухан дастпарварони макотиби динии мамлакатҳои исломӣ истифода намуда,мардуми аз сиёсат бегонаро  ба дом афтонданд.

  Пас аз даргириҳои сиёсӣ ва гумроҳкуниҳо дар давроне,ки фарзандони ҷонсупори миллат дар талоши сулҳу ваҳдат ҷон ба каф гирифта, миллати овораву сарсонро ба  ватан оварда, иқтисодиёти фурӯрафтаро  пойдор кардву халқро соҳиби нон карданд,ҲНИТ  таъсис ёфт.

 Дар таърихи миллати тоҷик ин аввалин иқдоми бегонае буд,ки  мақсаднок амалӣ гардид. Таъсиси ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо ин танҳо ба хотири ба даст овардани ҳокимият аст. ҲНИТ низ аз ин мақсад орӣ набуд ,зеро тавлиди ҳама гуна Барномаҳои он  ба он далолат менамуд.Мақсади асосии ҲНИТ ба даст овардани ҳокимият бо роҳи муборизаи сиёсӣ ва дар ин замина таъсис додани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Чаро хоҷагон маҳз Тоҷикистонро дар ин раванд интихоб намуданд?

 Даставвал ин ,ки Тоҷикистон дар Осиёи Миёна мавқеи калиди дорад .Ягона ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд.Заминаҳо барои давлати исломӣ бунёд гардид.Робитаи ҲНИТ бо беруна пайванд шуда, аз ҷиҳати молиявӣ қудратманд гардид. Дар маҳаллаҳо  ташкилотҳои худро таъсис дод.

 Ин ҷузиёти амалишуда, барои сарварон мақсадҳои баландтарро  ба миён овард. Қадам ба қадам пеш рафтан  ,аз соли гузашта андаке гузаштан мақсади аслии ҳомиёни эшон буд, ки дар тӯли солҳо барои ин кӯшиш ба харҷ доданд.

 Барои ба  ин ноил гардидан онҳо муҳити созгорро дар Тоҷикистони аз мотамистон раҳо ёфта, таъсис доданд. Ба Ҳоҷи  Ҳалим «генерал майор Назарзода Абдуҳалим муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъзе ҳаммаслакони наздики ӯ,аз қабили эшони Ҷунайд « полковник Ҷунайдулло Умаров сардори яке аз раёсатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  чи намерасид?  Чаро онҳо даст бар ин хиёнати мудҳиш заданд? Оё инсон лонаи худро оташ мезанад? Хонае, ки  умеду орзуи  ояндаи фарзандони онҳост. Лонае, ки онҳо дар он ба воя расида,  нону обашро хурда бузург шуданду мансабдор гаштанд. Бузург шуданду бар хони муқаддаси ватан туф карданд.Ҷавоби ин саволҳо оддист.   Хиёнат ба миллат ба хотири  адои қарзи хоҷагон.                                          

Акнун худ қазоват кунед,ки ин зумра касон кистанд ва манзури ин сияҳкори чист? Пеш аз ҳама онҳо хостгори онанд, ки дубора ватани азизамонро ба коми аждаҳои ҷанг андозанду бо ин васила фазои сулҳу оромиро барҳам зананд.Роҳандозӣ намудани манфиатҳои худро дар бадбахтии миллат мебинанд ва дар ин роҳ монда нашуда,бо дастури хоҷагон ҷонбозӣ хоҳанд кард.

Ин ҳама аз пайдоиши ҲНИ саранҷом мегирад.Аз ин амали имрӯзаи эшон бармеояд ,ки аз рӯзҳои нахуст дар ин роҳ бо дастгирии хоҷагон камари ҳиммат баста,нақшаҳои офаридаи онҳоро амалӣ менамуданд.Дар зери ниқоби ислом мардумро ба тафриқаҳо ҷудо карда,низои миллиро таҳким бахшиданд.Худоро сад  шукр,ки пеши роҳи ин иғвогарон гирифта шуд ва ин асрори нуҳуфта дар чашми мардум фош гардид.

Филми “Хиёнат”қатрае аз баҳри беканори  ҷинояти назҳатиҳост,ки онҳо ба сари миллат фоҷиаи бузургеро падид оварда, миллатро пароканда ва давлатро хароб карданд.

Акнун кабириҳо бо хоҷагони худ боз ин қазияро думболагиранд. Акнун бояд огоҳ бошанд,ки кӯр як бор асояшро гум мекунад.

Шаҳриёр

Log in

create an account