Мақолаҳо

Хиёнатгарон ҳаргиз фаромуш намешаванд

Дар ҷаҳон масъалаи даҳшатноке буд, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, вале имрўзҳо ин раванд хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, ташвиши ҷаҳониён шудааст. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризие дар узви инсон аст, ки кули аъзоро мутаваҷеҳи худ месозад. Албатта он ҳизбҳо ва гуруҳои «диние», ки давлатҳои абарқудратро ба ташвиш гузоштаанд бадбахтона ба кишвари мо ҳам таъсири худро расонда истодаанд. Вале мо он рузҳои сахтро аз сар гузарондем замоне буд, як гуруҳи хиёнатгарон  бо фиребу найранги худ бародаро бародар ҷанг андохтанд, чандин кудакон аз дасти чунин нафратзадагон ятим монданд, чандин ҳазор мардумон ватани худро тарк намуданд ва бисёри дигар ҷавонон бе ному нишон гум шудаан. Мо худ шоҳиди ҳол будем, ки бародарони ҷавони моро аз пеши мо бурда беҳраҳмона ба қатл расонданд. Аз ҷумла яке аз онҳо бародари ҷавони ман буд, ки  аз тарафи грўҳои яроқбадасти ришдорон бе ҷурми ягон гуноҳ дар роҳ кушта шуд. Ин хеле даҳшатнок буд

Бале мо кушиш мекунем, ки ҳаргиз ин беҳраҳмӣ ба диёри азизи мо ба давлати зебои мо ҳаргиз бар нагардад. Хушбахтона мо имрўзҳо ошкоро он филмҳое тамошо мекунем, ки  чӣ хел он нафратзадагон ватани моро тору мор карданд, ин хеле хуб аст, ки филмҳоро ба мо нишон дода истодаанд бигзор  ҷавононе, ки он солҳо хеле хурд буданд ва ин даҳшатро надиданд, бубинанд ва худ шоҳид гарданд, чуноне ки мегўянд шунидан кай бувад монанди дидан. Нафаре, ки худ шариати исломиро  барои бароварда кардани ҳадафи сиёсии хеш зери по мекунад сазовори  боварӣ набояд бошад. Кас ба тааҷҷуб меафтад, ки чаро онҳо бо бехудии хос, аз номи Худо ё ба ҷои ислом ва шариат чанд нафараке ҳукм мекунанд. Нафрат, кина, таҳқир, таҳдид, таасуб, ва ҳар чи ки дар ботини онҳост, чун ҳақиқат ба мардум пешниҳод мекунад. Онҳо мутмаинанд, ки аксари оҳолӣ бесавод  ва каммутолиа буда, чун солҳои қадим суханони мулло барояшон ҳукм аст. Вале сахт иштибоҳ мекунанд. Имрўз ҷомиаи мо дигар ниёзманд  ба панду амри маъруфи чор ришакӣ нестанд. Ин сатҳи суҳбатҳои мухолифин аз ҷумла ТЕТ ҲНИ мутаасифона, ҳеҷ гунна таъсире ба ақли солим надоранд, зеро худ суҳбати илман асоснок ва бо далелу бурҳони қотеъ нестанд.  Замоне, ки онҳо нафареро кофир, мунофиқ, чоплус, бенамоз, дузахӣ, даюс ё ҳукми дигаре мекунанд, намеандешанд, кӣ ин ҳақро ба онҳо додааст? Вале онҳо бо чунин таҳқиру туҳмат гўё муборизаи сиёсӣ мебаранд. Аз ҳамин хотир мо калонсолон бояд ба фарзандони ҷавони худ фаҳмонем, ки онҳо ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода ба ин хел гуруҳо  ҳаргиз ҳамроҳ нашаванд, ва ҳамеша кушиш кунанд, ки  давлати  соҳибистиқлоли хударо бо роҳи дуруст, яъне бо илму дониши баланди хеш пеш баранд ва муҳофизат кунанд.

Раисаи ҷамоати деҳоти Роштқалъаи

 ноҳияи Роштқалъа Одилбекова С.

Log in

create an account