Мақолаҳо

Он ҷо, ки ҳасиб аст, он ҷо насиб аст шиори ТЭТ «ҲНИ»

 «Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чи андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ давлати милли сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демакрати ва ҳуқуқбунёду дунявӣ бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандўстонаи хешро гузорад»

Имрўз Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд демокративу дунявӣ дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Демакративу соҳибистиқлолиро мардуми тоҷикро ба зинаи нав бардошт. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Аммо ғамангез он аст, ки дар байни мо ҳастанд шахсоне, ки  намехоҳанд дар мамлакати мо сулҳу ороми бошад ва ҳар лаҳза мехоҳанд хиёнат кунанд.

Пас аз тамошои филми «Хиёнат» боз дарк намудем, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобуди ҳама вақт домангир буд. Бисёр хоинҳои миллат мехостанд Тоҷикистони азизи моро нобуд кунанд. Аммо ба ҳеҷ каси онҳо муяссар нашудааст чунки мардуми тоҷик бо дурандешию, мутаҳидию якдигарфаҳми тавонистанд ҷанги шаҳрвандиро ки даҳшаттарин ҷанг дар Тоҷикистон буд, хотима гузоштанд.Ҷангу хунрези ягон фойдае ба даст овардан нест танҳо мамлакатро бенавою вайрон месозад. Аммо сад афсус баъзе аз фардҳо инро намефаҳманд ва ин хеле аламовар аст. Онҳо хуб дарк намекунанд, ки амалҳои куштор, рехтани хуни бегуноҳ бузургтарин айб аст  аммо онҳо қасдан нисбати мардуми тоҷик содир карда истодаанд ва аз ин сабаб мардуми тоҷик хеҷвақт хиёнатро намебахшанд.

М. Кабирӣ аз зумраи чунин шахсоне мебошад, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо хиёнат кардааст. Он солҳое, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд  М.Кабирӣ берун аз мамлакат зиндагӣ карда аз дур нигоҳ кард, ки чи хел мардуми бегуноҳи тоҷик ҷони худро барбод медиҳанд. Имрўзҳо бошад дар сомонаи интернет худро як шахси бегуноҳ дониста ба мардум гапҳои дуруғ менависад ва интизор аст, ки кай мардум бар зидди ҳукумат дорон хезанд ва боз дар мамлакат ҷангу хунрези ва як ҷанги дигар сар занад. Аммо беҳуда интизор аст чунки мардуми дурандеши тоҷик хеҷ вақт зиракии худро аз даст надода Тоҷикистони моро ҳама вақт озоду ором нигоҳ медоранд. Мо бояд ҳама вақт ба роҳи ҳақиқат равона бошем ва ба давлати худ содиқона хизмат кунем.

Фаромузова Азизмо, омӯзгори МТМУ №6-и ш.Хоруғ

Log in

create an account