Мақолаҳо

ТЭТ ҲНИ аз мусибати мардуми тоҷик манфиат меҷӯяд

Тоҷикистоне, ки бо хишти ҷони фидоиён бо оҳи ҷонгудози модарон, бо ҷонфидоиҳои фарзандони қурбони ин рўзи озоди мо имрўз ҳанўз ором нест. Дареғу афсус, ки бархе аз фарзандони нонӣ ҳамаи мушкилоти хиёнатро фаромўш намудаву хиёнаткорона аз дуриҳо ҳамватанони моро бо супориши хоҷаҳои хориии худ ба чоҳи ҷаҳолат ҳидоят мекунанд.

Гурўҳҳои зиёде худро хайрхоҳи Ватан номида, осудагии бо баҳои ҷон ба даст овардаро халалдор месозанд. Оғои Кабирӣ ва дўстони зархаридааш баҳри ноосуда намудани зиндагии мардум тамоми имкониятҳоро истифода мебаранд то миллати тоҷикро ба нести оранд.

Занонро зери хиҷоб гиранду ҷавононро бар зидди озодии зан- модар ҳидоят намоянд. Ин гурӯҳҳони лазину Ватанфурўш хуб медонанд, ки зиндагии имрўз душвор аст. Онҳо намегўянд, ки шукронаи осудагии ватанро кунем. Айни ҳол онҳо як сухан доранд. «Эй мардуми дар Ватан буда бедор шавед» Шумо зиндагии қашоқона доред.

Шукронаи сулҳу саодати кишвар бояд намуд. Зархаридони ватанфурўш омодаанд, ки барои манфиати худ миллатро ба нести оранд. Гўё онҳо соҳиби маърифати баланду хайрхоҳи миллат, пас саволе матраҳ месозам эй фарзанди миллат оё дасти бечораеро гирифтаӣ? Оё барои ободии Ватан як хиштро болои дигаре мондаӣ?. оё сари ятимеро сила намудаӣ? Бале накардааст ва нахоҳи кард, зеро барои ҷонфидои миллат будан, бояд дар байни халқи худ буд. Оҳи ятимонро шунид, дасти дуои модарро гирифт.

Бояд малҳаме шуд ба дарди бенавое содиқ буд ба Ватани худ, ба миллати худ, ба давлати худ.

Ҷавононро ба роҳи ҳақиқат равона бояд сохт на ба роҳи ҷаҳолат. Дастбўси модар бояд буд на дур аз ӯ, вафодори ватан бояд буд, на хиёнаткор.

Кассе, ки ба иштибоҳ роҳ додаст, бахшидан мумкин аст,

Вале касе, ки хиёнат кардааст бахшида нахоҳад шуд.

Дар замоне, ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Кабирӣ бо хешу наздиконаш берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Дар ин ҷанги даҳшатнок ҳазорҳо инсонҳои бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, аммо Кабири бо хешояш дар хориҷа оромона кайфу сафо карданд. Ў ба ҳамаи корҳои бади худ нигоҳ накарда, имрўз аз хориҷа ба сомонаҳои иҷтимоии интернети гапҳои дурўғ менависанд.

Имрўз ба сари миллати мо дар қатори дигар мамолики ҷаҳон бемории «Каронавирус» омад. Оё барои ҳамватанони худ ягон ёрие расонидаи? Албатта не Дар авали пайдоиши беморӣ ҳамаро бо ташвиқоти худ аз роҳ мезадед. Орзуи онро доштед, ки мардум бар зидди ҳукуматдорон мебароянд. Боз ҷанги бародар бо бародар оғоз мегардад.

Фаромуш кардаи, ки имрўз мардуми тоҷик тафаккури солҳои гузаштаро надоранд. Имрўз мардум медонанд, ки дўст асту ки душман. Имрўз дўстро аз душман ҷудо намудаанд ва ташвиқоти шумо гурўҳҳи ватанфурушон чизе нест. Зеро мардуми мо танҳо як мақсад доранд, ки ин осудагии кишвар аст. Мо бояд халқи худро , миллати худро, давлати худро дўст дорем. Яктану якҷон бошем.

Мародбекова Савсан,омӯзгори МТМУ №4-и ш.Хоруғ

Log in

create an account