Мақолаҳо

Бардошт аз силсилафилми телевизионии «Хиёнат»

Дар ҳар як давру замон дар баробари афкори солим ва пешбарандаву рашанкунандаи роҳи ҳаёту зиндагӣ ашхосе зуҳур мекунанд, ки дар роҳи пурпечутоби ҳаёт афкори сиёҳу ғаразноки кувваҳои иртиҷоӣ   онҳоро думболагир мешаванд ва онҳо дигир  пойбанди он гашта, ба ҷои ҷустани роҳи халосӣ аз он кушиш мекунанд, то дигаронро низ ба доми он гирифтор намоянд.   

 Чунин ба назар мерасад рафтори гуруҳҳо ва аъзоёни ҳоло ҳизби мамнуъ ва террористӣ дар Тоҷикистон, яъне ҲНИ пеш аз даст додан ва ташкили ин ҳизб андеша намекарданд, ки оқибаташ ба чӣ оварда мерасонад. Ва имруз, ки пойбанди хоҷагони хориҷӣ гаштаанд, сару калобаи рафтору кирдорашро ба дасти онҳо супоридаанд. Онҳо бехабар аз он ки кирдору рафтори ҳар як аъзои гурӯҳ, ҳизб, ҳатто аъзои оила дар саҳифаи ҳақиқати таърих дарҷ мегардад. Маҳз рафтору кирдори   аъзоёни ҳоло ҳизби мамнуъ ва террористӣ дар Тоҷикистон, яъне ҲНИ дар силсилафилми “Хиёнат” бараъло сабт гардидааст.

Пешвои миллат замоне ба сари қудратомад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд, кишварро хавфи нобудӣтаҳдид мекард. Мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ шуда буд. Дар ин вазъи нобасомонӣ табиист, ки рисолати асосии Пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав ва арзишу идеалҳои миллӣмебошад.

Аммо аз солҳои қаблӣ то ҳозир ҳам қувваю гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар дохил ва хориҷи кишвар мавҷуданд, ки ҳамаи талошҳои хастанопазири Роҳбарияти Олии мамлакату Ҳукумати ҷумҳуриро сарфи назар карда, кӯшиши олуда намудани фазои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро доранду мехоҳанд ба фаъолияти тахрибкоронаи идеологии хеш беш аз пеш иқдом намоянд. Бинобар ин, ҳоло таҳия, омода ва тарғибу ташвиқи чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ дар саросари кишвар ва берун аз он ба ҳадаф мувофиқ аст.

Агар аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлолоият ин гуруҳҳо дар баробари ҳукумати контитутсионӣ пушт ба пушти ҳамдигар зада, баҳри ободии ин кишвари нозанин, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол талош мекарданд, нуран ало нур мешуд ва дар Тоҷикистони азизамон ин гулгулшукуфиҳо дучанд зиёд мешуданд 

Суҳроб Мирзошоев, муаллими калони кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Log in

create an account