Мақолаҳо

Филми нави Кабирӣ “Санта Бар-Бара”

Имрӯз ба пусти Кабириҳо кайк даромад. Акнун онҳо дигар ором надоранд. Пайваста дар талоши онанд, ки симои худро чун ҳомии миллат нишон диҳанд ва бо ин роҳ собит намоянд, ки бо мардуми хешанд.Ҷонибдоронаш низ  онро ҳамеша думболагиранд ва намегузоранд, ки ҳарфи ин соқии худфиреб дур монад. Аммо мардум худ огоҳанд,ки хиёнати эшон набахшиданист.

Зеро маълум аст,ки пас аз намоиши филми «Хиёнат» дар пӯсти ҷонибдорони Кабири кайк  даромад. Акнун онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд худро каме ҳам бошад дар байни мардум  сафед намуда ,худро хизматгори халқ нишон диҳанд. Онҳо чунин назар доранд,ки истиқрори сулҳ ва ризояти милли танҳо хизмати эшон аст.

Аз ин лиҳоз хок бар рӯи Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон мепошанд. Ба гуфти онҳо дар ин роҳ танҳо хизмати Саид Абдуллои Нури бояд дида шавад.  Ин худобехабарон ҳанӯз гумон доранд,ки мардум чеҳраи аслии онҳоро намешиносанд. Ба гумони онҳо ҳастанд гурӯҳе,ки онҳоро ҷонибдор аст. Чи хатои бузурге онҳоро ҳамеша ва дар ҳама ҷо думболагир аст. Сухани дурӯцин, тӯҳмату буҳтон, шарики ҳамешагии онҳост. Вале бо ин аробаи шикаста то куҷо мерави бародари носипос.

Онҳо ҳамеша баҳона ва камбудии ночизро калон карда ба мардум нишон медиҳанд,ки аз ин беъманигии худ заррае ҳам парво надоранд.  Масалан, хабарнигори радиои “Озодӣ” Шаҳлои Гулхоҷа  ҳамеша аз пашша фил месозад. Барои ӯ сухани ҳақ арзише надорад.  Аз андак хабари носаҳеҳ моҷарои калоне месозад, ки дар он андаке ҳам ҳақиқат нест.

Мирзои Салимпур бошад ҳарзагӯиҳои шабакаҳои иҷтимоиро  дучанд карда нишон медиҳад ва ҳама айби андакро ба гардани Ҳукумат меандозад. Масалан агар чанд сар молро дар чарогоҳ сармо зада бошад, ҳукумати ноҳияро гунаҳгор мешуморад, ки чаро ҳукумат ба доди мардум намерасад.Чунин сафсатабозиҳои радиои “Озодӣ” беохир аст.

Ба миллати тоҷик маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чи рӯзҳои даҳшатборе роҳбарии миллатро ба даст гирифт. Дар он вақт назҳатиён танҳо  барои ба мақсади бади худ расидан байни мардум амалҳои носавобро ба ҷо меоварданд. Думболи хоҷагон фазои моро олуда месохтанд. Дубора ватанро ба коми ҷанг мекашиданд. Вале боло рафтани шуури сиёсии аҳоли дигар ба онҳо имкон надод,ки сияҳкориҳои худро идома диҳанд. Кабириву саркадагонаш як бор мардумро ба чоҳи фақириву нодори  афканданд,ки танҳ обо ҷонбозиҳои Эмомали Раҳмон мо аз он чоҳ раҳо ёфтем. Кардаҳои сиёҳи онҳо дар саҳифаҳои шаҳкитоби миллат абадан сабт аст.

Бунёдкори, азнавсози ва роҳи рушди милли барои онҳо бегона аст. Онҳо ҳеҷ як пешравии моро намебинанд ва дидан намехоҳанд.

Акнун ,ки ҳама асорашон фош шуд , мехоҳанд худро дар назди миллат сафед созанд, Аз ин лиҳоз филми нави дуррӯцинеро баровардаанд,ки ба филми Санта Барбара монанд аст . Ин филм кирдори аҳримании ин умдаро бори дигар рӯшан менамояд. Халқ ба Шумо бовари надорад.

Ҳой Кабирии душмани миллат бас аст. Бимон миллате,ки имруз  дар ободиву озоди салтанат дорад ., осуда монад.Филми ту ба ҷуз бадбахти ба мардум чизе нахоҳад дод.

Миллат ба фарзанди хоини худ эътимод надорад.

Санта Барбараи ту низ барояш нолозим аст.

Маъруфҷон Ҳомидов,  узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Log in

create an account