Мақолаҳо

БАРДОШТ АЗ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БАДАХШОН

Пешрафт, муваффақиятҳои ҳар як миллату давлат аз муттаҳидӣ ва ягонагии он вобастагӣ дорад. Ин як ҳақиқатест раднашаванда, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо, омилҳои аёниву зеҳнии Ваҳдати миллӣ, парокандагии халқу миллат ва давлатҳоро пешгирӣ мекунад.

Бояд таъкид кард, ки ҳар як халқу миллат шахсиятҳое дорад, ки бо пайкари некашон дар таърих бо хати заррин абадан сабт мегарданд. Дар ҳифзи истиқлолияти сиёсии ин миллати бостонии тоҷик шахсиятҳои бузург, ба монанди Шераку Спитамен, Деваштиҷу Муқаннаъ, Исмоили Сомониву Восеи паҳлавон, Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва ҳазорон фарзандони фарзонаи миллат ҷон бохтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори накуи ин абармардон буда, бо рафтору кирдорҳои мардонагию садоқатмандӣ ва ҳисси баланди миллатдустиашон дар қалби ҷавонон ва насли имрўза тухми баланди меҳанпарастиро коштаанд.

Тавре иттилоъ дорем аз таърихи 19-ум то 22-юми августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Точикистон бо мақсади  шиносоӣ бо  зисту зиндагонии мардуми дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қарор доштанд.  Сафарии кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшон оғоз гардида то маркази  маъмурии он  шаҳри Хоруғ  идома ёфт. Бо шукргузор аз Ваҳдату истиқлолият мардуми  сарбаланди  Бадахшон меҳмони олиқадрро  хоса истиқбол намуданд. 

 Сокинони сарбаланди Бадахшон аз бахту иқболи хеш сарварозанд, ки дар даврони истиқлолият аз ғамхориҳои давлату ҳукумат бархурдор буда  дар фазои сулҳу оромии  кишвари маҳбубмамон ба созандагию ободкорӣ машғуланд.

Мусаллам аст, ки Пешвои миллат пайваста дар ҳаққи мо сокинони Бадахшон ғамхорӣ намуда аз наздик бо зисту зиндагонии мардум шинос мешаванд. Ташрифи навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон низ аз созандагиву ободкори дарак дода дар арафаи ташриф як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Мо мардуми сарбаланди Бадахшон  имрўз бояд бо Пешвои миллатамон ифтихор карда, дастовардҳои бо ҷонбозиҳо ба даст омадаро ҳифз карда, ҳамзамон онҳоро тақвият бахшем.

Кўшиш намоем, ки ибратомўз ва пайрави Пешвои миллат буда, ваҳдатофарину ваҳдатнигор бошем.

Саидраҳмонов Насим

Log in

create an account