Мақолаҳо

Иғвоҳои навбатии М.Садриддин

Рӯзҳои охир хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда истодаанд, ки аз ватанфурушу хоин будани онҳо гувоҳи медиҳад.

Аз тамошои навор ва мазмуни мақолаҳои ба нашр расонидаи Муҳаммадиқбол ҳар як фарди солимфикри миллати тоҷик шарм мекунад.

Имруз Муҳаммадиқболи Садриддин ва Кабирӣ шахсоне, мебошанд, ки онҳоро метавон бо як миқдор маблағи ночиз дар Аврупо харидорӣ кард ва чӣ тавре, ки хоҳи истифода бурд. Онҳо аз тарафи сохторҳои махсуси кишвари алоҳидаи бо мо «дӯст»,  харидорӣ ва мисли занҳои сабукпо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда шуда истодаанд.

Дар наворҳо М.Садриддин низ мисли роҳбари худ Кабирӣ гоҳ бо хашми зиёди аблаҳона гуфтугӯ карда, худро дилсузи мардум вонамуд менамояд.

Сомонаи «Ислоҳ.нет», ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба худ ҷалб намуда, ҳангоми ба дом афтодани ин тоифа, мисли Кабирӣ аз онҳо фирор карда, дурӣ меҷуяд, Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии «ҲНИ» ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст.

Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ «ҲНИ» аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М.Кабирӣ, нафрат доранд.

Дигар мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои М.Садриддин дода нашуда, аз паси зиндагии осоишта худ мебошанд.

П.Саодатқамов нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account