Мақолаҳо

Хизби наҳзати исломӣ

Терроризми динӣ роҳи амалҳое мебошад, ки бо мақсадиӣ ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи аъмиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарор дод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амаловардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд. Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрўза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис дода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ –иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои нави қонунгузорӣ  дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба таъғйирёбии хусусият ва сифати он ба  низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти  ҷомеа таъсир расонид. Бо сабабҳои маълум гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохилшуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат  мегирифтанд.

Ғайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурўҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнинва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгон гирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд. Аз рўи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурўҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайри расмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айнизамон ташкилотҳои  террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизбитаҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия»,«Толибон» «Давлатиисломӣ» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнўъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд. Ифротгароӣ дар шароити имрўза бештар ба сиёсат дахлнамуда, тазоҳуротро дарниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ҷудо  овардааст.

Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Боз як рохи ТЭТ ХНИТ басташуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рўйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшудаанд,  бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рўйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида»,  «ДИИШ», «Ихвон-улмуслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рўйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулияти СААД имконпазир гардонад. Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули  ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш баста аст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурўҳ ҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо  созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти  аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зуроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амаловардани душманию бадбинӣ мебошад.

Log in

create an account