Мақолаҳо

Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиҳо

Кай тамом мешавад ин дурӯғгӯиҳо ва фитнаангезии наҳзатиҳо, ки пур аз фиребу найранг ва тӯҳмат аст. Ин боз шаҳодат аз он медиҳад, ки намегузоранд дар кишвари маҳбубамон оромӣ, тинҷиву осудагӣ ҳукмфармо бошад.

Наворе, ки дар шабакаҳои интернетӣ паҳн карданд, навори террористонаи худ, ки пур аз дурӯғ аст ва тӯҳмат дар бораи роҳбарият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аммо хинткори асил Шумоед наҳзатиҳо Шумо аз ҳақиқат хеле дуред Шумо ҳак надоред дар бораи Пешвои миллат, ки шабонарӯз дар ғаму ғуссаи халқи худ аст, марде, ки ҳамеша дар фикри миллати худ аст чунин суханон гуед. Худатон ҷоҳиледу ҳамеша ҷоҳилона корҳоро ба анҷом мерасонед.

Бо ҳамин услуби бесаводиатон ва аблаҳонаатон дар бораи сулҳи байни тоҷикон сухан мегӯед. Магар Шумо мефаҳмед, ки сулҳ чист? Калимаи сулҳ аз Шумо хеле дурр аст. Ва хиёнати худро бар сари дигарон бор карданӣ мешавед. Хиёнате, ки ҳаду канор надорад ҳама медонанд, ки ҷанги шаҳрвандиро наҳзатиҳои террорист шурӯъ карда буданд. Тамоми ҷиноятро онҳо содир карданд, ки ҷангу хунрезӣ, кӯштори одамони бегуноҳ ва дигар амалҳои номатлуби онҳо мебошанд. Он рӯзҳои басо душвор ва мушкил, ки халқи тоҷик аз сар гузаронд аз ёди касе намеравад ва ин ҳама кору пайкори шумо аст. То ҳануз боқимондаҳои ин ташкилоти хунхор амалҳои нагини худро бар зидди Ватану миллатидома медиҳанд, ки ҳамин навор намунаи чунин ҷиноятҳои наҳзатиҳо аст. Хиёнат ба сулҳ низ аз сӯи наҳзат сар задааст. Имрӯз баъди хинаткориҳо ба сулҳ ба Ватану миллат ин тудаи хунхор дар Аврупо пинҳон шуда, боз ҳам душманӣ ба миллат меварзанд. Шахсе, ки хиёнат ба Ватан мекунад хиёнат ба модар мекунад. Амалҳои нангинашро идома медиҳад. Аммо ин амалҳояшон онҳоро торафт шармандатар мекунанд.

Хулоса, ҳамаи мо хуб медонем, ки сулҳу ваҳдати миллиро ба кишвари мо Сарвари ғамхори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварданд. Маҳз кӯшишҳову заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо, фарзандони мо дар фазои ором умр ба сар мебаранд ва таҳсили илм доранд.

Чоршанбиева Гулҷамол, мухбири рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ»

Log in

create an account