Мақолаҳо

ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ…

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва бо ин принсипҳо сохти давлатдориро пеш мебарад. Ислом худ як дини хирад, ақл ва маърифат мебошад ва дар мамалакти мо касе садди роҳу равиши онро манъ накардааст ва намекунад.

Қисме аз зиёиён ва сиёсатмадорон барои пиёда намудани  мақсадҳои хеш унсури Исломӣ ва фарҳангии онро аз фарҳанги ягонаи ташаккулёфтаи таърихии фарҳанги миллӣ ҷудо намуда, онро ба ин восита аз фархангҳои умумибашарӣ дар маҳдудияти омехтанашаванда (изолятсия) муаррифӣ менамояд.  Яъне бо ин андеша исбот кардани мешаванд, ки фарҳанги Исломӣ  нисбати фарҳангҳо, ҷаҳонбиниҳои дигар  як фарҳанги озода  ва мутлақ  аст. Ҳоло он ки ҷаҳонбинии Исломӣ аз нигоҳи таърих ва фаҳмиш  синтез ва ҷамъбасткунандаи ҳамаи ҷаҳонбиниҳои дигари динии яктопарастӣ мебошад ва ҳамаи нуқтаҳои муҳими ин ҷахонбиниҳою дастовардҳои фарҳангҳои башариро эътироф дорад. Маҳз бузургии ҷаҳонбинии Исломӣ   вобаста ба ҳамин нуқта аст.

Аммо мутасифона аъзоёни собиқ Ҳизби терористии Наҳзати Ислом дар шахсияти М.Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанї ва дигар ҳаммаслакони инҳо ба дини мубини Ислом  қабои сиёсї дода нисбат ба дини мубини Ислом кур-курона муносибат мекунанд.  Онҳо доимо худро зоҳиран пайрави асили дини Ислом нишон дода, вале амалашон бошад ба ин дин тамоман рабте надорад. Ҳар як фард имрӯз хуб дарк менамояд, ки дини мубини Ислом амалҳои аз қабили  куштор, фиребу найранг, рехтани хуни бегуноҳ ва дигар амлҳои номатлубро маҳкум менамояд. Аммо аламовараш он аст, ки имрӯз ин шахсиятҳо чунин кирдорҳоро нисбати  мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла нисбати занону модарон  содир карда истодаанд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон талаботи ҲНИТ,  ки хилофи дини мубини Ислом ва  давлати  демократи ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ мебошад,   қабул намекунем. Ба Шумо муроҷиат менамоем, ки барои амалї намудани манфиатҳои хоҷагони хориҷиатон ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии худро паст назанед.

Саидраҳмонзода Н.

Log in

create an account