Мақолаҳо

Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба суботи Тоҷикистон ихтилоф эҷод кунад

Дар тӯли хазорсолаҳои таърихи тоҷикон абармардони зиёде дар олами илму адаб, фархангу хунар ва дину мазхаб арзи вучуд карда, ки бо осори худ, кашфиётхои илмию адабию ахлокии худ шухраи чахон ва фахри точикон гаштаанд. Онхо гуфтанду навиштанду эчоди худро амали накарданд, ё имкон ва шароити муносиб наёфтанд, ё чахолату хуруфот рохашонро баст, дахонашонро духт ё осорашонро сухт, худашонро ба дор кашид.

Фазилати Шумо инки орзу ва ормонхои онхоро аз хайёл ба амал оварди, амалан сохти, бунёд карди, шароит мухаиё карди.

Хости Худо шаваду зинда шуда ин озодию ободию, бунёдкорихои Ватанро бинанд, акалан Нораку Рогун Сангтудаю Шаршару Шахристон, богу роги Бадахшону Зарафшон Рашту Хатлон ва Дарвозу Хисори шодмонро бо шахди шакарбораш бинанд, Душанберо, ки  сайкали руй чахон гаштааст бинанд, бегумон шуморо точи сар мекунанду ахсан мехонанд.

Талошхои чонкохона, бедорхобихо, сафархо, гами ояндаи халку кишвар, гами имрузиёну ояндагон, гами бешу ками мардум, аксуламалхои хусудон, суйкасдхо, бадгуйхо, тухматхо дар чехраи мубораки Шумо осоре гузошта.  Бо вучуди ин дар тинати Шумо як каноатманди, рафтору гуфтори хакимоне чилвагар аст. Бо мардонаги хираду заковат аз байни сад макру кайд гузашта ба сарчашмаи мурод бо фатху зафар расиди. Бузургтарин эхсоси масъулияти ватандустонаи Шумо бахри бакои миллат, хифзи номуси он,  дар  он рузхои маргрезу балохез дар Касри Арбоб кабули сардории давлати фалачгаштаи муфлиси точикон буд. Ин кори хайру бенихоят хатарнок, дар айни замон кахрамонии хакики буд, ки дидаю дониста чонатро ба гарав гузошти, то тинчию амони ва сарчамъи миллатро таъмин куни.

Коргохи хираду санъати сулхофарини ва фарханги сулхсолории Шумо дар партави тачрибахо, омухтану андухтани анъанахои гузашта ва пайвастан бо навоварии чахони муосир дар сахнаи сиёсати давлатсози, адолату раиятпарвари беназир асту чун мадрасаи ибратомузе пазироии чахониён ёфта.

Дар муддати 28 соли барои таърих бисёр кутох Точикистон рохи 100 солахои замони Шуравиро тахти рохбарии хакимонаи Шумо тай кард. Точикистон аз бехукуки ва гумноми имруз ба як ситораи дурахшоне дар уфуки сиёсии чахон сабзида расид. Аъзои комилхукуки чомеаи чахони ва бисёр ташкилоту созмонхо ва маркази чорабинихои байналхалки гардид.

Вазъи ногувори чахони имруза бегонапарасти, манфиатчуй, мансабталоши гурухои ба ном адолатпараст бо сарвари собик раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон Мухиддин Кабири ва атрофиёнаш, ки ободкорию созандагихо, осмони осоиштаи Ватанро нодида гирифта аз дур санги маломатро болои халки худ миллати худ мерезанд моро хушдор медихад, ки барои бакои халку кишвари худ хифзи нангу номуси худ чорахои фаври биандешем. Душмани мо хам дар камини корзор аст, фурсат мепояд. Мо бояд зираки ва хушёриро аз даст надихем, фирефтаи ваъдахо асири хилахо нашавем. Кур – курона пайрави аз ахбори гаразнок чавононро ба гуломи ва халку кишварро ба вартаи халокат мебарад. Барои чавонони мо нанг аст, ки губори чахлу нодони, тарс аз хизмати халку Ватан симою сирати онхоро олуда месозад. Бо кудрати хираду тадбир шарафи халку Ватанро химоя бояд кард.

Касоне, ки ба мехроби конуни илохи, давлати сар намениханд, дари сулху салохро баста, дар рохи осоиши халк хор мекоранд, дар асл дари бахти фарзандони худро мебанданд ва ояндаи осоиштаи онхоро халалдор месозанд.

Хеч кас хукуки маънави надорад, ки ба гояхои Истиклолу Вахдат, суботи чомеа ихтилоф эчод кунад.  Аз ин лихоз аз номи худам, аз номи халку кишвар аз номи мардуми оддии мехнати, аз номи ононе, ки тенчию амони барояшон азиз аст, аз номи модарони шарафманди миллат хушдор медихам, ки эй фитначу ба зиндагию мехнати халоли мо халал нарасон, аз гаразхои худ байни мардум чудои наандоз, мафкурабози накун. Барои мо пораи нону косаи обу амони тахти султонист.

Дар партави Истиклолу Вахдат шукрона аз бахти худодод, шукрона аз кафили ин фазои озод, мекунем ки дар хар гушаи кишвар ободкорию созандагихо бо маром вусъат ёфтаистодаанд.

Farzona Rakhmonova, Journalist

Log in

create an account