Мақолаҳо

Шармандагии навбатии Саидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо гомҳои устувореро бо роҳбарии Сарвари наҷибу сулҳпарвар ва Ваҳдатофари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода истодааст.

Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ ба мисли роҳбарону тарафдорони собиқ Ҳизби наҳзати Исломи дар Тоҷикистон мамнуъ вучуд доранд ки дар хориҷа нишаста, ба паст задании арзишҳои миллии миллати тоҷик бо истифода аз маблағҳои хоҷагони хориҷиашон даст зада истодаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳбарону аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ бо тарафдоронаш дар хориҷи кишвар худашонро Паймони миллӣ эълон карда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, таасубу хурофотпарастӣ ҷалб созанд. Яке аз он хиёнаткорон, ки аъзои ТЭТ ҲНИ мебошад, ин Саидюнуси Истаравшанӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ мардумро ба тоату ибодат ва пуштибони Ислом даъват карда, онҳоро ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои зиддидавлатӣ роҳнамоӣ мекунад. Вале аз ислому инсонгарӣ фарсахҳо дур мебошад.

Чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои интернетӣ навори Наимова Раҷамо Шариповна модари Сангова Сумая намоиш дода шуда истодааст. Сангова Сумая бо имкониятҳои падраш Сангов Иброҳим соли 2010 барои гирифтани таълимоти динӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд. Дар ҶИЭ ба доми Кури Саидюнус афтода, духтарашро ба Саидюнус супорида, ба Тоҷикистон бармегардад. Аммо Саидюнус Сангова Сумаяро, ки ҳамсоли наберааш мебошад ягон хел таълимот надода, бо роҳи фиреб ӯро ба никоҳи худ медарорад. Сангов Иброҳим аз ин ҳолат огоҳ шуда, аз шармандагӣ ба беморӣ гирифтор шуда, бо ҳамин дарду алам соли 2014 аз олам чашм мепӯшад. Саидюнус шиносномаи Сумаяро гирифта нагузоштааст, ки ӯ ба ҶТ баргашта дар ҷанозаи падараш иштирок намояд. Баъд аз вафоти Сангов Иброҳим соли 2014 писараш Баҳодур бо мақсади ба Тоҷикистон овардани хоҳараш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтааст, аммо бидуни шиноснома ӯро ба Тоҷикистон оварда натавониста, аз таънаву маломати мардум соли 2018 ҷон ба Ҷаббор месупорад. Аз Баҳодур 5 тифли бесаробон боқи мондааст. Магар ин мусулмонӣ аст? Ҳамаи бадбахтиҳое, ки ба сари оилаи Санговҳо омадаанд, ба Кури Юнус вобастагӣ доранд. Ҳайфи волидайне, ки чунин Кури бераҳму шавқатро ба дунё овардааст садқаи ширӣ сафеди модар шавӣ Кури нобакор. Саидюнус, туро кӣ ба дунё овард ва ту киро азоб дода истодаӣ, ҳайфи одамоне, ки ту барин лаъинро бовар мекунанд. Дар Паймони миллии таъсисдодаи М.Кабирӣ, монанди Кури Саидюнус мардҳои занҷаллоб зиёд меистанд, ки Саидюнус яке аз он аъзоёни Паймони хоинонаи Кабирӣ аст. Гарчанде ба ҳамагон маълум аст, ки Саидюнус ва дигар аъзоёну тарафдорони Паймонӣ миллӣ (ҲНИ) суханрониҳояшонро бо номи Худову Расул ва Қуръон оғоз карда, дар бораи аҳкоми шариат сухан меронанд, аммо ин Кури Саидюнус ба мардумозорӣ машғул гардида, модарону хоҳарони тоҷикро дар нимароҳи ҳаёт дар кишвари бегона хору залил намуда, боз мардумро насиҳат мекунад.

Бори дигар исбот гардид, ки Саидюнус беномус низ аз он табори инсонҳоест, ки заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надошта, номи миллати куҳанбунёди тоҷикро бадном кардан мехоҳад. Ӯ танҳо дар назди хоҷагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супоришҳои онҳо амал карданро рисолати хеш дониста ҷавононро ба роҳи ҷоҳилӣ бурдан мехоҳад. Дар наворе, ки модари сарсону саргардоне, ки 10 сол боз фарзанди ҷигарбандашро надида, шавҳар ва писарашро бо гуноҳи Кури Саидюнус аз даст додааст, дарси ибрат ба дигарон бояд боша два дигарон аз ин ибрат гирифта ба доми чунин шахсиятҳои Ватанфурӯш наафтанд.

Имрӯз ба мисли холаи Раҷамо бисёр модарони тоҷик аз ин кури Саидюнус ранҷҳо кашида, дар фироғи фарзандону ҷигарбандонашон сӯхта истодаанд. Дер ё зуд дуои чунин модарон мустаҷоб гардида, Саидюнуси Истаравшанӣ ба азоби ҷонкоҳ гирифтор мешавад. Чи хеле, ки дар урфият гуфтаанд, «Оқибати чоҳкан зери чоҳ аст».

Назармамадова Давлатсултон, сокини ш Хоруғ

Log in

create an account