Мақолаҳо

Таҳдиди наҳзатблогер ва таҳқири қаҳрамонҳои Тоҷикистон Дар бораи ин ки чӣ гуна Мирзои Салимпур қаҳрамонҳои Тоҷикистонро таҳқиру мардумро таҳдид кард

Диловари Суҳробшо, таҳлилгар

Ба ин назарам, ки ҳар касе филми “Хиёнат”-ро тамошо кард, воқеияти гузаштаи начандон дури мо ва воқеияти имрӯзи моро дарк кард. Ҳадди ақал, маълумоти доштаашро дар бораи қатлу куштор, террору таҷовуз, дуздиву ғоратгарӣ ва қудрату шикампарастии наҳзатиҳо комил кард (ҳадаф аз “наҳзат” ин ҷову ҷойҳои дигар Кабирӣ ва “шайка”-и ӯ ва умуман, ҳамаи онҳоест, ки бо ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби мамнӯъи наҳзат алоқамандӣ доштанду доранд).

Ҳадаф аз ин матлаб таҳлил ё кадом як вокуниш ба филми “Хиёнат” ва муҳтавои он нест. Дар бораи хушдоманғайбатҳои наҳзатблогери муқими Чехия Мирзои Салимпур ҳам нест. Балки дар бораи таҳқиру тавҳини наҳзату Салимпур ба миллати тоҷику қаҳрамонҳояш аст, дар бораи таҳдидҳои Салимпур аст, ки ҳушдор медиҳад, ба зудӣ наҳзатиҳо ба Тоҷикистон омада ва ҳоли ин миллатро табоҳ хоҳанд кард.

Айнан ҳамин тавр, гап сари таҳқиру бадномсозии қаҳрамонҳои миллати тоҷик - Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум аст, ки наҳзату Салимпур ба ҳадаф гирифтаанд. Гап сари таҳдидҳо меравад, ки “дар ояндаи хеле наздик” наҳзату Салимпур ҳамаро “саркалапо” мекунанд.

Баъди пахши қисмати сеюми филми “Хиёнат” наҳзатблогер дар блоги хусусии худ “Ахбор” (ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст) ғайбатномаеро нашр кард ва онро ҷавоб ба таҳиягарони филм номид.

Аслан, ин “ҷавоб”-и пур аз дурӯғ, туҳмату таҳқир ва худсафедкунӣ ҷавоб ва ё вокуниш ба филм ва таҳиягарони он нест. Такроран таъкид мекунам, ки он ду ҳадафи пинҳон дорад: таҳқиру бадномсозии ҳадафмандонаи қаҳрамонҳои миллати тоҷик - Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ва таъмину таблиғи бозгашти хунини наҳзат ба Тоҷикистон.

“Соли 1937 Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро дар як вақт ҳам шпиони Олмону ҳам шпиони Англия ва ҳам шпиони Япония бароварда буданду ҳукми қатл доданд. Имрӯз ин ду абармард унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро доранду онҳое, ки ба зидди инҳо парванда бофта буданд, чунон ба фаромӯшхонаи таърих рафтаанд, ки касе ҳатто номашонро дар ёд надорад. Айни сарнавишт ва дар ояндаи хеле наздик бастакорони ин газофномаи “Хиёнат”-ро ҳам дар пеш аст, мутмаин бошед!”.

“Ва таърихи имрӯзи Тоҷикистонро мардум баъди чанд даҳсола аз саҳифаҳои “Ахбор” хоҳанд ҷусту пайдо хоҳанд кард, на аз ин “Хиёнат”-ҳо, ки баробар бо саркалапо шудани бастакоронаш аз чавкии қудрат ин ба ном “филм”-ашон низ ба боди фаромӯшӣ супурда хоҳад шуд. Мисли муфаттишони соли ӣ937, ки Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро бо иттиҳомоти пойдарҳавое мисли дар ин “филм” ҳукми қатл доданд, вале имрӯз Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ҳарду Қаҳрамони Тоҷикистонанд ва қотилони онҳо – гумному сияҳноми таърих!

Бовар кунед, он рӯз дер нест!”

Ин ду иқтибоси пур аз хитобу итоб ва пур аз таҳдиду таҳқир аз ҳамон “ҷавоб”-и Салимпур аст. Ҳарду як мазмун доранд, ҳарчанд ҷумлабандияшон гуногун аст.

Намедонам дигарон чӣ фикр доранд, аммо ба ин назарам, ки муқоисаи наҳзату Салимпур бо Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум чизе ҷуз таҳқири ин ду абармард ва таърихи миллат нест. Аввалан, Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум давлату миллат сохтанду наҳзату Салимпур ба ин давлату миллат туф карданд, сӯхтанд, куштанду ғорат карданд ва гурехта рафтанд. Дуруст, ки ин ба онҳо ирсӣ аст ва аз аъмоли ҳаммонанди аҷдодонашон - босмачиён манша мегирад.

Баъдан, ин ки таъкид ба ҳадафмандона будани таҳқири Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум шуд, воқеияти ҳамин ду иқтибос аст, ҷойи тавзеҳ надорад. Ёдамон бошад, ки ҳамагӣ ду сол қабл Кабирӣ ошкоро босмачиёнро бо ҳамон қатлу куштор, террору таҷовуз, дуздиву ғоратгарӣ ва қудрату шикампарастияшон қаҳрамон номида буд. Салимпур инро медонад ва маҳз ба ҳамин хотир қаҳрамонҳои миллатро бо худаш муқоиса кардааст. Наандешидааст, ки барои Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ақл доштан даркор, рӯйи давлату миллат пой гузоштан даркор нест. Ва ҳам медонист, ки бо худаш муқоиса кардани онҳо таҳқири ҷиддист ва ба мухотабони “ҷавобаш” сахт мерасад. Ба ин хотир, аз ҳамин усул кор гирифт.

Аммо воқеият ин аст, ки чи дар шакли муқоисакунӣ ва чи дар шакли далел зикр кардани номи қаҳрамонҳои миллати тоҷик дар ин “ҷавоб” таҳқири онҳост, - чизе, ки бовар дорам, бе машварати наҳзат нест.

Мазмун ва таҳдиди ошкорои ин ду иқтибос ҳамин аст, ки “дар ояндаи хеле наздик” наҳзату Салимпур гӯё чун қаҳрамон (ишора ба номи Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум аз ҳамин ҷост) ба Тоҷикистон меоянд ва он вақт ҳоли таҳиягарони филм табоҳ хоҳад шуд. Ва ҳам таъкид мекунад, ки “он рӯз дер нест!”

Ин таҳдид аст, тарс додан аст, ҳарчанд воқеан, бояд аз дасти каллабӯри наҳзат тарсид.

Ин таҳдид ба миллати тоҷик ва амнияти Тоҷикистон аст.

Агар ин таҳдид нест, чист?

Шояд аз дур истода таҳдид кардан барои онҳо боз ҳам марбут ба ирсият бошад, аммо кӣ ба Салимпур инро ҳақро дода, ки қаҳрамонҳои миллат таҳқир кунад?

Дар ҳар сурат Салимпур бояд дар ёд дошта бошад, ки дару дарвозаи Тоҷикистон ба рӯйи наҳзат – ин ҷузъе аз терроризми байналмилалӣ – барои ҳамешагӣ баста аст, ба ҷуз ин ки биёяду аъмолашро дар тарозуи қонун баркашад.

Дар айни замон як чиро на наҳзат ва на Салимпур эътироф кардан намехоҳанд, ки кайҳост, худ “гумному сияҳноми таърих”-анд, кайҳост дар меъдаи таърих ҳазм шудаанд. Аммо ба назарам, вақтест, ки ҷомеаи Тоҷикистон ин таҳқиру таҳдидро ҷиддӣ бигирад ва аз лиҳози маънавию ҳуқуқӣ алайҳи онҳо садо баланд кунад.

Log in

create an account