Мақолаҳо

Масъулияти инсонӣ, пандемия ва даҳонҳои бефаровез

Довуд Исматӣ, хабарнигор

То 30 июл дар ҷумҳурӣ ҳудуди 33026 гектар картошка кишт гардида, аз он 8885 гектар (184914 тонна) ҷамъоварӣ гардидааст.

То 3 август дар майдони 165400 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 89 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 30 июл дар ҷумҳурӣ ба миқдори 119954 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4341 тонна зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳуриявӣ кишти такрории шолӣ ба ҳолати 24 июл 106 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ним соли 2020 ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 635476 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7604 тонна зиёд мебошад.

Ин омори мухтасар аз маълумотномаи расмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аст.

Дар айни замон бозорҳои ҷумҳурӣ лабрези сабзавоти тару тоза ва меваҷоту полезиҳо ҳастанд. Ҳар кас ба қадри тавон ба ин ҳама дастрасӣ дорад. Аз худамон зиёдатӣ содирот мешавад, ки барои буҷаи давлат хеле муҳим аст.

Ҳамарӯза қишри ниёзманд ва онҳое, ки дар сафи пеши муқобила бо коронавирус ҳастанд, кумакҳои иҷтимоӣ дарёфт мекунанд...

Бегуфтугӯ, ин ҳама аз баракати сиёсати инсонпарварона ва дурбинона ҳастанд, ки дар сархати барномаҳои давлатии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Бахусус, дар шароити буҳронии имрӯз собит гардид, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумат баргирифта аз зиндагии рӯзмарраи инсонҳост ва барои инсонҳост.

Маълумоте, ки болотар оварда шуданд, дар пасманзари мушкилоти бархоста аз пандемияи коронавирус ахбори хушҳолкунандаанд. Умед ба ин аст, ки ояндаи наздик ин ҳама гӯмагӯҳои вобаста ба пандемия, бо азбайнравии ин вабо, хотима меёбанд. Дар шароити кунунӣ, ки то як моҳи қабл ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистонро сояи ноумедӣ фарогир буд, ахбори хушҳолкунанда, бахусус дар самти афзоиши нишондиҳандаҳои кишоварзӣ хеле муҳим аст.

Ба ин маънӣ, мешавад гуфт, ки дастовардҳои кишоварзӣ, ки дар айни замон пешрафтҳои иқтисодӣ ва далели фаровонии бозори хӯроквориянд, - ин оғози ғалаба бар пандемия аст.

Ахиран суҳбати як дипломати тоҷикро хондам, ки мегуфт, дер ё зуд пандемия хотима меёбад, аммо дар ин раванд хеле муҳим аст, ки масъулияти инсониву шаҳрвандиямонро ҳис кунем. Ин масъулият танҳо иборат аз риояи гигиенаи шахсиву фосилагирии иҷтимоӣ нест. Ин масъулият, қабл аз ҳама, дар бари ҳамдигару дастгири ҳамдигар будан аст, на чоҳ кандану монеа эҷод кардан, ё бадгӯиву манфиатҷӯӣ.

Агар ба раванди муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пандемияи коронавирус бингарем, ба ахбори ҷолиб ва дар айни замон боварнокарданӣ вомехӯрем. Масалан, соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз кӣ тасаввур карда метавонист, ки давлатҳои Аврупо, бо вуҷуди доштани сарҳадоту асъори ягона, марзҳоро ба рӯи ҳамдигар мебанданд? Ё кӣ тасаввур мекард, ки Русияву Қазоқистон содироти гандум – яке аз манбаъҳои аслии даромади буҷетро ба таври рекордӣ маҳдуд ё комилан қатъ мекунанд? Ҳамин гуна, дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар 50 соли охир ин гуна холишавии рафҳои мағозаҳоро ёд надоштанд.

Дарвоқеъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пандемия омода набуд. Ҳоло гап сари низоми тандурустӣ нест, ҳарчанд пандемия нишон дод, ки ин соҳа ба ислоҳоти куллии кадриву технологӣ зарурати фаврӣ дорад. Захираи хӯрокворӣ ҷузъи муҳими ин муқовимат аст, ки ба назар расид, аксар кишварҳои ҷаҳон онро надоранд. Як сабаби аслии босуръат паҳншавии вирус метавонад маҳз ҳамин бошад, ки чӣ гуна мардумро ба таҳлука овард ва ба дари мағозаву фурӯшгоҳҳо бурд.

Аммо агар ба воқеияти Тоҷикистон баргардем, комилан вазъи дигарро мебинем. Дуруст аст, ки пандемия ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ гузошт. Давоми моҳи гузашта аксар мақомоти Тоҷикистон, бахусус блоки иқтисодӣ, дар нишастҳои матбуотӣ таъсироти онро гуфтанд.

Ёд дорем, аввалҳои имсол, ҳанӯз замоне ки пандемия эълон нашуда буду сарҳадҳо боз буданд, як овозаи бардурӯғи вобаста ба камчинии орд чӣ қадар сокинони кишварро нигарон карду ба дӯконҳои ордфурӯшӣ кашонид. Ҳарчанд ин вазъ камтар аз як рӯз идома ёфт, баъдтар маълум гардид, ки барои оилаҳое пайомадҳои хеле фоҷиабарро ҳам дар пай доштааст, барои соҳибкороне бо муфлисшавӣ анҷомидааст. Ва ин гуна пайомадҳо кам набудаанд.

Ана дар ҳамин ҳолат даъватҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба захирасозии ғалладонаву маҳсулоти хӯрокворӣ ба ёд мерасад. Тасаввур кунед, ба ин таъкидҳо, ки “танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаву самаранок аз замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мо метавонем фаровонии дастурхони мардуми кишвар ва амнияти озуқавории давлати худро таъмин намоем”, агар барвақттар гӯш медодем, на овоза моро ба таҳлука меоварду на ба кадом мушкил ё камбуди ғизоӣ рӯбарӯ мегардидем.

Бино ба дарёфтҳо, нахустин маротиба даъвати Сарвари давлат оид ба захирасозии ғалладонаву маҳсулоти хӯрокворӣ ҳанӯз тобистони соли 2009 садо дода буд:

“Ҳар касе, ки имконият ва тавоноӣ дорад, фаровонии имсоларо ғанимат дониста, барои ду соли оянда маводи хӯрока ва махсусан гандумро захира намояд. Яъне ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад”, - гуфт он вақт Президент.

Аз он замон 11 сол гузашт. Дар ин миён борҳо ин гуна даъватҳо садо доданд. Моҳҳои охир бошад, дар ҳар вохӯрӣ ва бахусус, дар маҷлисҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва мулоқотҳо бо сокинон ин мавзӯъ такроран таъкид мешавад. Ва дар идома гузоришҳоеро мебинем, ки шаҳрвандон чӣ гуна ҷиҳати омодагӣ ба ҳолатҳои эҳтимолӣ захира мекунанд.

Аз ҳама муҳим, дар қиболи ин даъватҳо аз мардум чизе хоста намешавад, ба ҷуз ин ки софдилона меҳнат кунанд, аз замин самаранок истифода баранд, барои худу хонаводаашон чораҷӯӣ ва захира намоянд. Даъвате, ки танҳо аз дилсӯзиву башардӯстист, аз масъулиятшиносист.

Мутаассифона, дар ин байн бемасъулиятиву бадгӯиҳое ҳам ҳастанд. Нотавонбинҳое, ки ҷуз кинварзиву душманӣ ба ин миллат чизе дар бисот надоранд, аз дуриҳо истода, ин ҳамаро баръакс, ба тавре ки мехоҳанд, шарҳ медиҳанд. Даҳонҳои бефаровезе дар симои наҳзатиён, ки дар асл, аз вазъи ҷумҳурӣ ҳич огоҳӣ надоранд, дар Аврупо истода, ба сӯйи ин ҳама иқдомот ва мубтакиронаш санг меандозанд. Ба ин васила мехоҳанд вазъеро ба вуҷуд оваранд, ки солҳои силоҳзӯрияшон, бахусус, бар сари сокинони вилояти Кӯлоб оварда буданд: гуруснагӣ, азоб, қашшоқӣ... Таърих гувоҳ аст, ки пандемияи воқеиро ҳамонҳо ба вуҷуд оварда буданд: як сӯ бо тири силоҳ қатл мекарданд, сӯйи дигар нони одамонро аз даҳонашон кашида мегирифтанд. Ҳамин аст, ки то имрӯз мардуми ҷумҳурӣ ва умуман, ҳар касе дар ҷаҳон, ки воқеияти он рӯзҳои Тоҷикистонро медонаду симои аслии наҳзатиёнро мешиносад, алайҳи онҳо лаънат мефиристад.

Ва аммо ҳоло мардум дар Тоҷикистон хушу хурсанд, дар фазои амну суббот сарбаландона зиндагӣ дорад: дӯсту душманро мешиносад.

Log in

create an account