Мақолаҳо

Хиёнаткориҳои Алим Шерзамоновро миллат нахоҳад бахшид

Дар таърихи миллати мо буданд шахсоне, ки ҳатто аз тоҷик будани худ даст кашида, ҳамзамон миллати худро иваз кардаанд. Хиёнаткории онҳо боис ба он шуда буд, ки дар давраи тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна қариб буд, ки давлат бунёд карда натавонем. Бо ҷонфидоии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик хушбахтона ин раванд паси сар шуд ва мо соҳиби давлат шудем.

Дар садаи XXI ин раванд шакли дигареро ба худ касб кардааст ва чунин шахсони хоини миллату давлат имрӯзҳо худро ҳамчун мухолифи сиёсии давлату ҳукумат муаррифӣ мекунанд. Яке аз чунин шахсон ин зодаи шаҳри Хоруғи ВМКБ Алим Шерзамонов мебошад.

Имрӯзҳо  ӯ дар Аврупо зиндагонӣ намуда дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани гуфтугӯҳои беасос ва пучу бемаънӣ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад.  Ӯ низ мехоҳад бе меҳнат маблағи бе дарди миён ба даст орад. Мехоҳад аз ҳар баромади кардааш аз грантҳои давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо ном «ҳомии ҳуқуқи инсон ва демократия» мебошанд, баҳравар гардад.

Ман намехоҳам суханҳои бофтаю сохтаи ин махлуқро рӯи қоғаз биёрам. Ақидаҳои ин махлуқро ҳар шахсе, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ мутолиа мекунад, шармаш меояд.

Ба мисли Кабирӣ Алим Шерзамонов низ як шахсияте ҳаст, ки ҳар кас метавонад бо маблағи ночизе ӯро харидорӣ намояд ва мисли занҳои сабукпо истифода барад. Ӯ бо паҳн намудани ақидаҳои зидди давлатии худ мехоҳад ҳисси нобовариро нисбати давлати миллии мо дар байни мардум ба вуҷуд биёварад.

Ҳатто дар давраи пандемияи коронавирус низ ӯ аз ин кори зишти худ даст накашид, худро ҳамчун як фарди дилсӯзи мардум вонамуд кард ва Ҳукумати ҶТ-ро барои сар задани ин пандемия гунаҳкор намуда буд. Имрӯзҳо ҳатто давлати абарқудрати ҷаҳон Амрико натавонист пеши роҳи ин ваборо бигирад.

Оё худи Алим Шерзамонов ва хоҷагони хориҷиаш барои пешгирии ин вабо ягон корро анҷом доданд?

Ба беморхона ё ба ягон хонаводаи муҳтоҷ кӯмак кард?

Не! Барои ӯ анҷом додани чунин корҳо фоида намеорад ва ба шахсоне, ки ӯро ҳамчун зани сабукпо истифода мебаранд, хушашон намеояд. Ӯ худаш низ хуб медонад, ки агар ин корҳоро анҷом диҳад, маблағҳои муфти хоҷагонашро аз даст медиҳад.

Дар ҷаҳони имрӯза ягон кишваре нест, ки мухолифон надошта бошад, вале мухолифат ҳам одобе ё фарҳанге бояд дошта бошад. Ҳатто русҳои мухолифи Ҳукумати ФР дар саросари дунё бо охирин ёфтаҳои илми тиб ба ҳамватанони худ тавсияҳо дода буданд.

Алим Шерзамонов ба ҷои ин корҳоро анҷом додан нарасидани доруворӣ ва маргу фавтро  ҳисобу китоб мекард.  Лоҳутӣ дар ин бора дуруст гуфтааст:

 Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-ин рӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

 Аз ин рӯ, ин махлуқи сарсахт “мухолифи сиёсии ҳукумати мо” нест. Ӯ душмани миллати мо ва давлати мо мебошад. Барои ӯ мафҳумҳои “пойдории давлат“, “арзишҳои миллӣ” “муҳаббат ба Ватан”  ва ғайра маънои худро гум кардааст.

Имрӯзҳо бадбахтона баъзе аз ҷавонони  ноогоҳ  ақидаҳои ӯ ва Кабирии хоинро ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки Алим Шерзамон ва Кабирӣ шахсони муфтхур буда, ҷавонони ноогоҳи тоҷикро дар гирди худ ҷамъ карда, дар гирдоби пур аз азобу машаққат ғарқ карда истодаанд. Сенарияи Алим Шерзамонов низ мисли Кабирӣ ба ҳама маълум аст ва то як муддати муайян дурӣ ҷустан ва аз ин ҷавонон фирор кардан аст.

Бо иғвоангезии баъзе аз доираҳои бадхоҳ кишвари азизи мо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона халқи мо аз ин имтиҳони таърих гузашт. Мардуми сарбаланди Бадахшон низ аз рафтору кирдори Алим Шерзамон хуб огоҳ хастанд. Дигар онҳо ба доми ин хоини давлати миллат намеафтанд. Ҳатто имрӯз мардуми маҳаллӣ чунин ақида доранд, ки  ӯ дар баромадҳои худ забони шуғниро доғдор намуда, ин забони шеворо барои амалҳои зишти худ истифода бурда истодааст. Аз ин рӯ хиёнатҳои содирнамуда истодаи ӯро миллат нахоҳад бахшид.

Мардум нисбати ӯ чунин мегӯянд: «агар Алим Шерзамонов мард мебуд, ҳамсарашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ барои баргардонидани маблағҳои қарзии ӯ аз бонкҳои вилоят қарор дорад, дастгирӣ менамуд». Аз гуфтаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ ҳатто ба ҳамсари худ низ хиёнат кардааст.

Ғ.Саодатшоев, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account