Мақолаҳо

БОЯД МУБОРИЗА БАРЕМ, НА ҒАВҒОАНГЕЗӢ

Паҳншавии вируси «Короно» дар сар то сари ҷаҳон боз якбори дигар аз мо  тақозо мекунад, ки дар пеши ин хатар муттаҳид  бошем, зеро ки бар ин биморӣ дар пароаокандагӣ  ва танҳоӣ ҳеҷ ягон давлат ғалаба карда наметавонад. Имрўз мо ин якдилиро дар тамоми ҷаҳон эҳсос мекунем. Олимон дар роҳи ихтирои дору заҳмат мекашанд, табибон дар табобати беморон, деҳқонон дар роҳи тавлиди озуқаворӣ, коргарон барои истеҳсоли маводҳои антисептикӣ, дузандаҳо дар духтани моск ва ҳокимон оҳбарии умумии ин корҳоро пеш мебаранд. Барои ҳеҷ касе дар ин мубориза осон нест  - зеро ҳамаи ин меҳнаткашон ҷони худро дар хатар мегузоранд.

Ташабускориҳои Пешвои миллат дар  мубориза бо бемории «Короно» аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибати роҳбарияти мамлакат нисбати ин бемори хеле ҷиддӣ аст. Аммо мутаасифона баъзе ашхосе ба мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконӣ ў имрўз ба ҳамаи ин мушкилиҳои мардум назар накарда  тавассути ахборҳои бардурўғ мехоҳанд, ки дар кишвар вазъи оромро халалдор созанд ва мардумро дар ташвиш гузорад. Вале ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд бо ақлу хиради хеш тафаккур намуда, фирефтаи чунин овозаҳои беасос нагардида, танҳо дар иҷрои амур дастуроти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳролӣ ба ҷой оварда, дар фазои озоду обод зиндагӣ намояд. Имрўзҳо бояд  ҳар як фарди бедордили тоҷик танҳо ақлу хиради азалиашро ба кор бурда, ба ахбору дастуроти давлатӣ таваҷҷўъ намуда, онро дар ҳар як маврид ва дар ҳар дақиқа бо ҷиддияти том иҷро ва ҷонибдорӣ кунанд. Зеро инсонҳо дорои қобилияти бузурге ҳастанд, ки метавонанд ҳамаи мушкилотро бартараф созанд. Роҳҳои беҳтарин ва бузургтарин дар чунин вазъият мутаҳид будан ва дар якҷоягӣ роҳи ҳалли ин вазъиятро ҷустан аст. Ин нишонгари он аст, ки мо бояд он чиро коршиносон ва муттахасисони соҳаи тиб тавсия мекунанд, бе чуну чаро бар он амал кунем ва ба ҳар гуна овозаю дасисаҳои бемантиқ бовар намкунем.

Давлату Ҳукумат имрўзҳо дар пайи ғамхории мардум қарор дошта пайваста ҳамаи қишрҳои осебпазирро дастгирӣ менамоянд. Бо ин восита бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда мегуям, ки он чизе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд танҳо дасиса ҳастанду халос.

Саидраҳмонов Н.

Log in

create an account