Мақолаҳо

Андешаҳо перомуни филми мустанади «Хиёнат»

Охирҳои соли 90-уми асри гузашта баъди бозсозии нокомии Горбачев тамоми Итиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор шуда, қувваҳои мухолифин, ки худро он давра «демократ» меномиданд, ба ҳаракат омада дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бо усулу методҳои ба худ хос амал мекарданд. «Демократҳо» - и тоҷик низ аз ин раванд дар канор намонда, ҳизби демократии Тоҷикистонро ташкил намуда, сарвари ин ҳизбро собиқ корманди Академияи фаннҳои Тоҷикистон, собиқ котиби ташкилоти ҳизби коммунистии шуъбаи фалсафа «философи» ноком Юсуф Шодмон ба зимма гирифт. «Хизмат»-и аввалине, ки ин ҳизб барои халқи тоҷик кард, воқеаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе буд

Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 ин қувваҳо аз бесарусомониҳои он вақт истифода бурда, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳоро оварданд, ки мислашро таърих надида буд. Минтақа бо минтақа, бародар бо бародар, маҳал бо маҳал дар хусумат буда, маҳалгароӣ ба авҷи аълои худ расида, Юсуф Шодмон ситоди «Наҳзати Ватан»-ро ташкил намуда, охири охирон ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Аммо дар тафсири муборизоти мазҳабӣ руҳонияти исломӣ таҷрибаи созмони махфии наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ҲНИ-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд), ба сифати манбаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Аз ин рӯ аз рӯзҳои аввалини Истиқлолияти давлатӣ давлат ва ҷомеаи тоҷик ба ҳаракати ифротии наҳзатӣ рӯ ба рӯ шуд. Ва ҳақ ба ҷониби устоди ДМТ Ҳабиб Мирзоев ҳаст, ки навиштааст: «Давлат ва ҷомеае, ки нав аз банду басти сиёсию идеологӣ раҳида буд, ба қайду банди хурофоту таассуби динию мазҳабӣ, ки дар саргаҳаш рӯҳониёни наҳзатӣ қарор доштанд, гирифтор шуд. Ба ин тартиб дар натиҷаи талошҳои наҳзатиёни хурофотӣ, ки таҳти пуштибонии хадамоти ҷосусии хориҷӣ ва тибқи барномаи мушаххаси сиёсию идеологӣ ва низомӣ фаъолият менамоянд, давлат ва ҷомеа ба бӯҳрон мувоҷеъ гардидаанд» («Минбари халқ», №14, аз 1-уми апрели соли 2020). Намоиши телевизионии «Хиёнат» боз як бори дигар моро ба воқеаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта оварда, гунаҳгорони асосии ин фоҷеаи миллат ба таври дақиқ нишон дода шуд.

Наҳзатиён, ки аз хориҷи мамлакат маблағгузорӣ мешуданд, дар аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкилотҳои ибтидоии худро ташкил намуда, аз таъминоти маблағ ягон душворӣ надоштанд. Ин ташкилотҳои ибтидоии онҳо дар ҳар манотиқ бо усулҳои ба худашон хос амал намуда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардидаанд. Мусибати ин ҷанги шаҳрвандӣ барои халқи тоҷик гарон афтода, мо насли калонсол онро хуб дар ёд дорем. Аммо мутаассифона ин мусибати гушношунид барои наҳзатиён ибрат нашуда, ин созмони экстремистӣ аслан аз масъулият дур аст. Дар ҳодисаҳои фоҷеаовари солҳои 90-ум наҳзат ба сифати бозигари асосӣ ширкат варзида дирежёри ин бадбахтиҳо буд. Онҳо дар масҷидҳо, маъракаҳои диниву мазҳабӣ халқи бечораро гумроҳ карда, танқид мекарданд, ки нони муаллим ҳаром аст, духтурҳо кофир ҳастанд. Босмачиён барои озодии миллат мубориза мебурданд. Ва имрӯз ҳам наҳзатиёни дар хориҷи мамлакат фирорӣ, дур аз Ватан барои ҳар як нокомии мамлакат қарсак зада аз ягон туҳмату суханони нафрин нисбат ба миллати худ худдорӣ намекунанд.

М. Замонов, раиси собиқадорони

ҷангу меҳнати МИМҲД-и н. Рушон

Log in

create an account