Мақолаҳо

Муроҷиатномаи сокинони Хоруғ

Касе, ки ба Ватан хиёнат мекунад, хиёнат ба модар мекунад. Намехоҳад  ватан ором буда, мехоҳад бар зидди давлату миллати худ бо ҳар гуна иғвогариҳо ва афкору аъмоли фитнаангезашон субботи кишвар ва осудагии мардуми онро халалдор созад.  Имрўз раванди ҷаҳоншавӣ бо суръат хосса рушд меёбад, дар зимни ин раванд дар ҷаҳони муосир гурўҳҳо ва ҷунбишҳои зиёди ифротӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин гурўҳҳо дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ва ниятҳои нопоки худ миёни мардум тавассути роҳу воситаи мухталиф ва амалҳои нопок ва зиддиинсонии хеш амал менамоянд.

Инсонҳое  ҳастанд, ки зодаи Тоҷикистонанду аз Ватани худ дур буда,  бар зидди он ҳар гуна  туҳмат ва овозаҳои бардуруғро таҳн мекунанд. Ин шахсони хиёнаткор ба монанди Кабирӣ, Шарофиддин, Муҳиддин ва ғайраҳо мебошанд.

Бо ин амалҳои худ мехоҳанд  миёни мардуми кишвар тафриқа андозанд, аммо бехабар аз онанд, ки мардуми сарбаланд ва ҷавонони  бонангу номуси Тоҷикистон дигар қурбони дасисаҳои онҳо нагашта, балки аз сиёсати хирадмандона ва сулҳҷўёнаи Пешвои муаззами  миллат содиқона пуштибонӣ менамоянд.

Мо сокинони шаҳри Хоруғ ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт тарфдори ин гурўҳҳои хиёнаткор набуда, ва нахоҳем буд ва нагузорем, ки фарзандони баору номуси мо тобеъи чунин гурўҳҳо шаванд, зеро аз давраҳои қадим ва то ҳоло ҳалқи мо як миллати бафозилу донишманд буданд ва ҳоҳанд монд.

Log in

create an account