Мақолаҳо

Муроҷиатнома

Ватандўстӣ дар ҳама замонҳо муҳим буд ва имрўз муҳимияти он даҳчанд афзудааст. Роҳандозӣ кардани ин ҷараён шарти муҳими амали ҳокими оқил ҳам дар гузашта ва ҳам имрўз мебошад. Дар дохили як ҷомеа нахуст бояд ҳамдигарро бо муҳаббат шинохт ва бо ин муҳаббат некро аз бад фарқ метавон кард. Эҳсоси олии дўстӣ, бародарӣ а дастгирии якдигар  асосҳои таърихии  муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тўли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.

Яъне халқҳои мо садсолаҳо бо фарҳанги кўҳану  ҳаммонанд  ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дўстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлўи ҳам зиндагӣ  кардаанд. Тоҷикону қирғизҳо ду халқе ҳастанд, ки солҳои дароз  ду халқи иттифоқ ва дўст буданд.

Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон  оилаҳое зиндагӣ  мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику қирғиз доранд.

Чӣ шуда буд, ки дар муддати  як сол сарҳади ду давлат ноором буда, бо ҳар гуна баҳона мехоҳанд сарҳадро  ноором созанд ва халқи ду миллатро бо ҳам нотифоқ кунанд.

Имрўз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дўстонашон ва саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ факроҳам оварда шудааст.

Дар чунин шароит мо бояд ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягиамон дучанд саъю талош намоем.

Мо сокинони шаҳри Хоруғ имрўз дар фазои сулҳу ором умр ба сар бурда ва шукрона аз он дорем, ки дар Ватани маҳбубамон оромӣ амонӣ ва сулҳ барқарор аст.  Ин ҳама заҳматҳо ва талошҳои шабонарўзии Пешвои муаззами мо буд. Ва мо бошандагони шаҳр ҳеҷ вақт намехоҳем, ки сарҳади мо ноором бошад ва байни ду давлат ҷангу нофаҳми. Мо ҳамеша  тарафдории сулҳу ваҳдат ҳастем.

Log in

create an account