Мақолаҳо

Ислом ба ҳизб ниёз надорад

Солҳои 1990-1992 хоҷагони хориҷӣ тибқи барномҳои таҳрезикардаашон тавонистанд,ки сокинони Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид намуда,миллати тоҷикро ба хун оғушта намоянд. Яке аз сабабҳои даргириҳо ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ сарварони Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон буданд. Дар ин ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷавонони аз 18 то 35 сола қурбон гардида,ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 7 миллиард доллар зарар расонида шуд  Дар он замон ягона қуввае, ки аз берун идора мешуд, ҲНИТ буд.

Ҳоло дигар ҳоҷати исбот кардан ҳам нест, ки ҲНИТ маҳз аз берун идора ва маблағгузорӣ мешуд. Пеш аз ҳар як маъракаи сиёсӣ ба сафарҳои хориҷӣ рафтани ҳайати роҳбарии ҳизб бо ҳамин мақсад аст.

Маҳз бо дахолати ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ  ҷавонони тоҷик бо баҳонаи таҳсил ба хориҷи кишвар аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон фиристода шуда буданд, ки баъзеи онҳо ба марказҳои омодакунии терористон шомил гардиданд.

Ин ҷанги бародаркуши  Тоҷикистон, ки талафоти зиёди ҷонию моддиро  дар пай гузошт, барои имрӯзиён ва ояндагони миллати тоҷик ва дигарон дарси  ибрат  аст.

Аммо талошҳои Кабирӣ ва думравони онҳо касро ба шубҳа водор месозад,ки чаро ин ҳама дасисаҳоро дар хориҷи кишвар рӯи кор меоранд.          Кабирӣ ба чи умед мебандад? Наход ӯ ҳанӯз фикр кунад,ки мардумро боз фиребидан мумкин бошаду монанди солҳои 90-92  аз пахтазорон маҷбурану бо фиреб  кашида ба майдон оранд. Деҳқоне.ки дар дасташ обилаи каланд  дошт ва муллое .ки ҷуз дасиса чизеро намедонист думболи сиёсат кардан два оқибат ватанро хостанд пора      -пора ба дасти душман супоранд.

Онҳо собит сохтанд,ки на танҳо қотили ҳамватанон балки хоини миллат низ будан метавонанд. Онҳо исломро ҳатто олудаи хун карданд,ки ин аз саҳфаҳои  таърих шуста нахоҳад шуд.

Мардум худ дарк карданд,ки ислом ба ҳизб ниёз надорад аммо Кабириҳо дар сояи дасти бегонаҳо ҳанӯз умедворанд.

Шозода

Log in

create an account