Мақолаҳо

Салимпур ва Кабирӣ лаънаткардаи халқи тоҷиканд…

Чандест, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ мақолаҳои иғвоангезонаву бардуруғи душманони миллатро, ки бадбахтона онҳо зодагони Тоҷикистон буда, дар давлатҳои Аврупо зери «қанот»-и хоҷагони хориҷиашон истиқомат карда, ба Ватану миллати аҷдодии худ хиёнат карда истодаанд, мутолиа намудам. Пас аз хондани суханҳои бофтаву сохтаи душманони миллат ягон фарди худогоҳ ва ватандустӣ кишвар, ки дилаш ба миллати худ, ба сарзамини биҳиштосоӣ худ месузад бетарафиро ихтиёр нахоҳад кард.

Ман низ хостам оиди хиёнатҳои якчанд нафар чеҳраҳои бонуфузи хиёнаткорони кишвар, сармуҳаррири сомонаи ифротии «Ахбор.ком» Мирзои Салимпур ва дусти ӯ роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ, якчанд «қатрае аз баҳр» рӯи қоғаз орам.

Ба Мирзои Салимпур хитоб карда гуфтаниям, ки «чанде пеш дар сомонаҳои интернетӣ муроҷиати бародаратро хонда будам, ки якчанд далелҳои амали ноҷавонмардиат дар назди волидон ва дигар аъзоёни оилаат дарҷ гардидааст ва аз овардани он шарм медорам. 

Наход наврасе, ки замони кудаки ва наврасиаш ду маротиба бо пули давлат ба истирохатгохи «Артек» рафта, аз буҷаи кишвар дар мактабҳои миёнаву олӣ ройгон сабақ гирифта буд, имруз ба халқу диёри худ хиёнат намояд.

Муҳиддин Кабирии хиёнаткор, дар рузи ҷанозаи модараш, иштирок накарда, бо телефони мобили ба иштирокчиён арзи сипос намуда буд, аз хотирам намеравад, ки чӣ тавр Кабирӣ дар рузи фавти модараш, мотами аҳли оилааш, ки ин рузро ба сари ягон мусалмон наорад, аз ш.Маскваи ФР, чиптаи ҳавопаймо  ҳамагӣ 200-250 доллари ИМА арзиш дошт, маблағи пулиро боло дониста, наомад. Ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ, ки бо арақи ҷабин мумкин дар якмоҳ ин макблағро ба даст орад, барои дидори вопасини қиблагоҳи худ, аз ФР меояд. Ростӣ агар дар ҳаққи ин ду хиёнаткорони халқи тоҷик соатҳои дароз сухан ронем, кам аст.

Табадуллоти давлатие, ки санаи 4-уми сентябри соли 2015 аз тарафи М.Кабирӣ роҳандозӣ гардида буд ва ҳаммаслаконаш мехостанд супориши ӯро анҷом дода, боз кишвари моро оғуштаи хун гардонанд, аз ҷониби шаҳрвандони ватандуст ва мақомотҳои қудратии кишвар пахш карда шуд. Як қисми хиёнаткорон нобуд ва қисми зиёдашон дастгир карда шуда, маҳбаси гардиданд. Фаъолияти ТЭТ «ҲНИ» дар кишвар манъ гардид.

Аммо, дар хориҷа имруз М.Салимпур сомонаи ифротгароии «Ахбор.ком»-ро минбари Кабириву Истаравшанӣ намудааст. Дар охир гуфтаниям, ки  «Салимпур ва Кабирӣ лаънаткардаи халқи тоҷиканд…».

П.Саодатқадамов нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account