Мақолаҳо

Оқи падарро шунидем, оқи бародарро не

Сол ба сол фишурда гардидани ҳалқаи Кабирӣ далел бар он аст,ки нуфузаш дар байни мардум коста гардида, сиёсати дурӯғинаш низ мавқэъ пайдо нахоҳад кард.

Моҷарои нави Кабирӣ бо бародараш фитрати пасти эшонро нишон медиҳад,ки дар сахттарин ҳолат низ думболи падару модар набуда,сиёсати ғализи худро аз меҳри падару модар болотар мешуморад.

Бародараш рӯирост ба Кабирӣ мегӯяд, ки ту чи гуна фарзанд ҳастӣ, ки дар ҷанозаи падарам иштирок накардӣ?  Аз пушти найрангҳои ту падару модарам ҳамеша ғам хурдаву азоб кашида вафот карданд. Ҳоло бошад ,ту думболи моро гирифтаи. Ман туро чун бародар ҳоқ кардам.

Ин суханони бародар парда аз рӯи ҳама гунна муаммо мебардорад. Ин ҷилои оинаест,ки дар он чеҳраи Кабирӣ инъикос мегардад. Падару модар бузргтарин сармояи фарзандонанд,к и бо ин чизеро баробар кардан нашояд. Аммо Кабирӣ  печидагиҳои худро бо Ҳоҷи  Ҳалим ва дигар афроди  хиёнатпеша аз ҳама авлотар медонад.

Омезишаш бо Ҳоҷи Ҳалим ва таъмини ӯ бо пули хоҷагон баҳри сарнагун сохтани сохти конститут сионии  собит месозад,ки аз рӯзҳои  нахусти ба сари қудрат омаданаш талоши инродошт. ҲНИТ дар такят домуллоҳои худобехабар чи нақшаҳоеро амалӣ кардан мехост,ки он давлату миллатро ба нокоми бори дигар гирифтор мекард.

Ӯ дар ин давраи амалисозии нақшаҳояш аз ҳама чиз ҳатто аз падару модари бузургвораш фаромӯш кард,ки ин кирдори ғайри инсониаш бахшидани нест.

Ҳама медонанд,ки агар Кабирӣ худро бегноҳ шуморад,пас чаро ба Ҳоҷи Ҳалим маблағи калонро тақдим кард. Маҳз маблағҳои хоҷаҳои Кабирӣ буданд,ки ба воситаи  ӯ ба Ҳоҷи Ҳалим расида, ӯро умедвор мекарданд.

Кабирӣ дар зери фишори хоҷаҳо на танҳо падару модар ҳатто худро низ фаромӯш кард.Маҳз ҳамин фаромӯшӣ ва фишори хоҷаҳо буд,ки ӯ даст ба хиёнати ватан зада,худро убод фирорӣ намуд.

Шояд оқибати корро медонист вале илоҷ надошт зеро пулҳои хурдаи хоҷаҳо талаби ҷавоб доштанд.

Наход ин ситёсатмадорро виҷдонаш азоб надиҳад,ки на танҳо ба Ватани азизаш, балки ба падару модар ,ба хешовандон ва бародаронаш низ хиёнат кард.

Падару модар оё ӯро ҳамчун фарзанд бахшида бошанд. Вой бар ҳоли Кабирӣ агар чун бародар дару модар низ ӯро набахшида бошанд.

Шозода

Log in

create an account