Мақолаҳо

ҲНИТ сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар ҶТ

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии динӣ яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Хизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлатӣ дунявию демократӣ метавонад динро тариқи роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократи ва милли проблемаҳо ҷой доранд.

 Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳаракати мардумии « Растохез »,ки баъди интишори қонун  « Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон » - 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИТ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тасавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷахон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар даргузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафта истодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷахон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байни мазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти ба ғоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеа ин ҷахонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба души худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои Осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумхурии мо яке аз кишварҳои кам шуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобат пазирӣ истодагари ва пирӯзшуданро мақоми худ кардааст. Фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбро шуда, корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздик тариқи мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористии ДИИШ дар либоси сиёхи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда, хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд.  Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешавад. Ҳамаи намудҳои ин фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта 22 декабри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.

Давлатқадамов Нозим,сокини шаҳри Хоруғ, нафақахур

Log in

create an account