Мақолаҳо

Ба қирғизҳо: Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, қарни нав бо бозиҳои геополитикии абарқудратҳо оғоз гардид. Онҳо барои густариш додани манфиат ва нуфузи худ дар минтақа ҳар рӯз аз тамоми имконияти доштаашон истифода мебаранд.

Пас аз пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ дар як қатор давлатҳои собиқи он «инқилоби сабз» ва «инқилоби зард» ба амал омада, ғасби ҳокимият ва табаддулоти давлатӣ рух дод.

Ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон низ давлатҳои абарқудрат дахолат намуда, инқилобро ташкил карда, аввалин  Президенти кишвар Аскар Акаевро аз вазифа барканор ва аз ҳудуди кишвар берун карданд. Сиёсати ин давлат пас аз ин бо ҳамсоягонаш тағйир ёфт.

Марзи байни кишвари мо ва давлати қирғиз масъалаи баҳснок буда, то айни замон ҳалли худро наёфтааст. Аз ин ҳолат манфиатхоҳони давлати ҳамсоя бо равандҳои пурпечутоби зиндагӣ дар системаи кунунии дунё нишон медиҳанд, ки ҳар як амали ба вуқуъ омада дар хати марз гуноҳи тоҷикон аст. Аммо вазъи сиёсии имруза тақозо менамояд, ки давлатҳо ва халқиятҳояшон ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи манфиати кишварашон камари ҳиммат банданд. Ҳамаи  рўйдодҳо халқи тоҷикро водор менамояд, ки истиқлолияташро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва барои ҳимояи ҳамагуна арзишҳои миллӣ камари ҳиммат мебандад.

Рўйдодҳои ҳудудии Тоҷикистон бо қирғизҳои ҳамсоя дар солҳои охир нишонаи он аст, ки қирғизҳои ҳамсояи барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягиро дарк намекунанд ва тартиботи мавҷударо доим халалдор месозанд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи барумандаш ҳамеша дурандешона ва одилона рафтор мекунад ва талош мекунад, ки нофаҳмие сар назанад, аммо бо таҳлилҳои амиқу дақиқ, қирғизҳо санъати пешбурди давлатдорӣ надоранд ва одоби ҳамсоядориро наомӯхтаанд аз ин рў тасаввур мекунанд, ки байни якдигар ҳамеша дар низоъ мебошанд ва халқи тоҷик гўё аз рафтори онҳо сукут мекарда бошанд, аммо қирғизҳо фаромўш набояд созанд, ки бо ин рафторашон дар таърихи инсоният хатогии бузург мекунанд.

Мардуми давлати ҳамсояи мо қирғиз бояд пеш аз ҳама муносибати ҳамсоягариро бидонад ва тартиботро риоя намояд.

Дар охир аз забони шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода гуфтаниям, ки:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амони гуфтугӯ дорем, мо.

  Пирумшо Саодатқамов, нафақахур,

 сокини ноҳияи Шуғнон

Log in

create an account