Мақолаҳо

Тақриз ба филми телевизионии “Хиёнат

Соли 2021 мардуми Тоҷикистон ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн хоҳад гирифт.  Он як воқеаи бузурги сиёсӣ дар ҳаёти халқи тоҷик аст. Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Душвориҳои зиёд дар ин роҳ вуҷуд доштанд ва яке аз он ин нофаҳмиҳо ва мухолифати қувваҳои сиёсӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд. Бо саъю кўшиши зиёди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи кишвар таъмин гардид ва мардуми осоишта ба созандагию бунёдкорӣ шуруъ намуда, Тоҷикистон ба давлати дунявию демократӣ табдил ёфт. Новобаста ба ин шахсони алоҳида то ба ҳамин рўз дар ҳаққи Тоҷикистон гапҳои беасосу тўҳматангезро ба воситаи шабакаҳои интернет паҳн менамоянд. Ба ин қисми шахсон махсусан собиқ аъзои ҳизби наҳзати ислом, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд дохиланд.  Дар филми “Хиёнат”  фаъолияти ин шахсон хуб ва ҳаматарафа таҳлил карда шудааст. Бо далелҳои аниқ  ва шоҳидону сабтҳо фаъолияти онҳо таҳлил карда шудааст. Аҳамияти филм дар он аст, ки мардум бояд донад, ки ҷинояткорн чӣ мақсаду маром доранд ва ҳадафашон чист ва чӣ гуна онҳоро ошкор кард. Бигузор худи онҳо донанд, ки кори онҳо хатост. Филми мазкур хеле  бамаврид  буда,  барои мардум манбаи хуби иттилоотӣ аст. Ҳар кас бояд рафтору гуфторашро хуб фикр карда, амал намояд ва  шаъну шарафи мардуму давлатро доѓдор нанамояд. Ба Пешвои миллат хиёнат нанамояд. Ин аст мўҳтавоҳи филми “Хиёнат”.

Мамадаёзов Ниёзмамад- директори Муассисаи давлатии “Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”-и ВМКБ

Log in

create an account