Мақолаҳо

МАНФИАТИ МИЛЛӢ Ё ҒАРАЗҲОИ ШАХСӢ

(вокуниш ба силсилафилми “Хиёнат”)

Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз ниёз ба насиҳати шахсони ғаразнок надорад, зеро ки имрӯз ин хоинони миллат  бо ғаразҳои шахсии худ берун аз  Ватан рафта мардумро панду андарз медиҳаданд ба қавли Бедил: “ Марди майдон дигару даъвии майдон дигар аст” .  Яке аз чунин хоинон Муҳиддин Кабири мебошад, ки  ба ин кор даст задааст  ва  бо таблиғотҳои бебунёди худ дар бораи ҳокимияти давлатӣ   кунуни  ва дигар ғаразҳои шахсӣ худ иброз ақида менамояд.

Агар ҳисси худшиноси  медошт Ватанро тарк намекард ва  бо сарнавишти  миллату  халқи худ ҳамроҳ мебуд, аммо ин хоин ғуломи  хоҷагони давлати барои тоҷикон маълум гардида, фикру идеяҳои  онҳоро алайҳи барҳам додани Ҳукумати конситутсионӣ истифода мебарад.  Бояд зикр намуд, беҳтарин неъмат барои мардуми   соҳиб фарҳангу тамаддун ин сулҳ ва ороми аст, ки барои ин кор  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта манфиҳатҳои миллатро аз манфиаҳатҳои шахсӣ болотар ва лозимтар маҳсуб донистанд, вале Муҳиддин  Кабири носипосона дар пинҳони бо ҳамраъйонаш фирори хоки аҷдоди намуд, имрӯз баён медорад : “ки чандин касонро соҳиби касбу маълумот намуданд”. Вале аз рӯи таҳлилҳо ҷавононе, ки шогирдии Муҳиддин Кабириро қабул   доштанад,  фақат гирифтани роҳи хушунат ва таҳсил дар мактабҳои махсуси террористӣ, таблиғи дигар идеяҳои номатлуби ғайри исломиро шиор намуданд, ки далелҳо дар мисоли ҳаёти  баъзе  ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида мешавад.

 Пас савол ба миён меояд,  нафароне,  ки имрӯз гирди Кабири ҷамъ шудаанд  ояндааш чӣ  мешавад ?

   Посух ҳамин аст :  Ин  ашхос мисли Кабири “Роҳи  гурез сӯи ҷангал” доранду халос . Пас ҷавонон бояд , моҳияти Истиқлолият давлатӣ ,  эҳтироми арзишҳои миллӣ, рисолати худшиносиву худогоҳии миллиро хуб дарк намоянд ва  барои худ аз амалҳои чунин шахсон  сабақи судманд гиранд на манфӣ, то такроран ба доми фиреби шахсони алоҳида мисли Муҳиддин Кабири нагардида унсурҳои фарҳанги  бегонаро дар байни  ҷавонон тарғибу ташвиқ,  бо чанд “пули сиёҳ” ваъадашуда нанамоянд .

  Пӯшида нест,  имрӯз дар хориҷа Кабирӣ ва  аъзоёни  ӯ бо сарапарстони манфиатҷӯ,  моҷаруҷӯи намуда ,  такрори ҳодисаҳои  солҳои  90-уми асри гузаштаро   интизор ҳастанд .  Ҳарчнд ба худ номи  “Паймон”-ро  интихоб намудаанд , вале ҳануз  ҳувайдост , ки тинаташ  аз ќудурату бемеҳри нисбат ба ватану миллат, ки дар он хуни ноф рехтааст  аз гуфтаҳо ва баромадҳояш  маълум мегардад.

Ба Шумо Кабирӣ муроҷиат намуда мегӯем, ки мардуми сарбаланди мо дигар ба ту боварӣ надорад....

Дигар ҳавзои моро ноором накунед.....

Мо ба Шумо ниёз надорем......

Лола Назархудоева

Log in

create an account