Мақолаҳо

Аз инсон фақат номи накӯ мемонад

Давоми чанд ҳафта дар шабакаҳои гуногуни телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интернет филми нави ҳуҷҷатии “Хиёнат” пахш гардида, он аллакай байни мардум маҳбубият пайдо намудааст. “Касе ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст. Вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд.» Аслан ин ҳарфҳои дар филм зикршуда хушку холӣ нестанд ва мафҳуми воқеӣ доранд. Зеро табиати инсонӣ ҳамин хел аст, ки дар зиндагӣ ӯ на як бору ду бор ба хатогӣ роҳ медиҳаду муҳимаш он аст, ки шахс аз иштибоҳ чӣ хулосаву натиҷагирӣ мекунад?! Оё дар вақти такроран ба миён омадани иштибоҳ инсон аз он гузар мекунад, ё ки оқибати онро дар тарозуи ақл санҷида, роҳи дигари дурустро интихоб менамояд ва ин албатта аз тасмимгирии худи шахс вобаста аст.

Вале ногуфта намонад, ки дар роҳи наҷоти миллату давлати тоҷикон аз сарсониву парокандагӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эмин будан аз ҳар гуна таъсироти берунаву аҷнабиён аз давраҳои пеш то ҳозир ҳазорҳо шермардону фарзандони фарзонаи миллат ҷоннисорӣ кардаанд ва ҳамаи мо масъулем, ки ин корномаю диловарӣ, шуҷоату ғайрати бемислу монанди онҳоро ҳамеша пос дошта, ҳақиқати меҳанпарастиро ба наслҳои имрӯзу фардо расонем.

Агар шумораи чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ ба маротиб зиёд шавад, аз як тараф кору фаъолияти пасипардагии хинони миллат рӯи об мебарояд ва аз ҷониби дигар фазои холии кинои муосири миллӣ низ афзун мегардад. Бигузор дигарон ҳам дарк кунанд, ки иғвогарию дасисабозӣ пайваста давом нахоҳад кард ва рӯзе мерасад, ки барои ҳамаи амалҳои ноҷавонмардона бояд ҷавоб гуфт.

Ёд дорам, нақл як ҷавоне, ки нахост муаррифӣ шавад. Чанд сол пеш ӯро дар маҳаллаи Хоруғи боло тариқи ким – кадом барнома мағзшӯи карда, хостанд, то ӯ ба хориҷа раваду ҳамчун “лидер” омода шавад.

“Бандаро нахуст муаллимае, ки он давраҳо дар Институти илмҳои гумантитарии ба номи Б. Искандаров кор мекард даъват намуд. Ӯ танҳо бароям оид ба тақвияти додани забони англисӣ дар хориҷа маслиҳат дода буд. Баъдан худам аз паи бозомӯзӣ шудам. Рӯзе дар робита бо омӯзиш ба маҳаллаи Болнитсени шаҳри Хоруғ даъват гардидам. Дар ин маҳалла як дафтари кории шубҳаноке воқеъ буд. Дар дохили он ҳамаи навиштаҷоту мусаввараҳои деворӣ бо хати арабӣ оро дода шуда, баъди мулоқот бо соҳибони онвақта бароям маълум гашт, ки ин коргоҳ аз ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон, яъне ҲНИ ё Наҳзати исломӣ будааст”- афсуд ҳамсӯҳбатам.

Дар идомаи суҳбаташ ҷавони 23 – сола чунин гуфта буд: “Ҳамроҳам дар ин дафтари корӣ як духтараки дигар ҳам буд, ки “соҳибхонаҳо” ба гӯшамон ҳар гуна афсонаҳо хонда, мехостанд ба таълимгирӣ ба хориҷа ҷалб шавему ба ин восита таассуби диниро дар ниҳоди мо тақвият диҳанд. Яъне онҳо мақсаду мароми хешро бароямон бепарда баён намуданд ва ин пеш аз ҳама бесуботии кишвари азизи мо буд. Бинобари ин, барои мо лозим омад, ки ҳарчи зудтар аз ин коргоҳ фирор кунем”.

Воқеан давоми солҳои фаъолияти хабарнигориям бори аввал нест, ки чунин изҳоротро аз шахсони гуногун нашнавам. Лекин дар як чиз тамоман шубҳа надорам, ки Ваҳдати комилӣ миллии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомад. Давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои зиёде таҳти сарпарастии кишварҳои хориҷа дар давлати тоҷикон ба оташи ҷанг равған рехта, пеш аз ҳама манфиатҳои худро дунбол мекарданд. Гурӯҳҳои дар дохили мамлакат қарордошта танҳо бозичаҳо дар дастони онҳо буданд ва ҳоло ҳам теъдоде аз аъзоёни онҳо берун аз Ватан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли зиё, мақомот ва чеҳраҳои аввали кишвари мо сангсорӣ мекунанд. Яъне онҳову хоҷагонаш “тарҳҳои” муайяни худро доранд, аз масъалаи пандемияи умумиҷаҳонии коронавирус мазҳака эҷод мекунанд ё аз “гирдиҳамоиҳои ранга”  ё аз марзу буму ҳамсоядорӣ бо Ҷумҳурии мардумии Чин ҳар гуна фоҷеа месозанд, ё ки филми “Хиёнат”- ро инкор менамоянду аз таҳияи он оташин мешаванд ва ё аз паи тарҳи нав мегарданд. Вале мо низ чун дигар шаҳрвандони оддӣ ҳадафҳои нопоки онҳоро мисли алифбо медонему аз онҳо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба хиёнат кардан нуқта гузоранд ва тамоми кушишҳои худро сарфи корҳои неку сахо равона созанд. Зеро вакт зудгузар асту аз инсон фақат номи накӯ мемонад.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, рӯзноманигор

Log in

create an account