Мақолаҳо

Хиёнатгарон ҳеч ба мақсад намерасанд

Хоини миллат он шахс  аст, ки дар Ватан ба воя мерасаду нону намаки миллатро мехўраду дар охир ба миллат хиёнат мекунад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ ба  мақсади худ намерасанд. Солҳои 1992 то солҳои 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез рух дода буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузурги кишвар аз ҳодисаҳои фоҷиа бори ҷангї шаҳрвандї хуб огаҳї доранд. Ҳеҷ гоҳ аз ёди мардум он рўзгори сахту мушкил ва сангин, ки аз дасти наҳзатиҳо болои миллати тоҷик омад, фаромўш намешавад. Мусибате, ки наҳзати исломї ба сари мардум овард, онро ҳеҷ кас намебахшад.

Дар ин ҷанги бародаркуш садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷонбохтанд, зиёда аз 1 миллион  номи гуреза гирифтанд, 55 ҳазор кўдакон ятим монданд ва ҳазорон ҳазорон занон бешавҳар монданд. Солҳои 90 уми қарни гузашта, дар баробари тоҷикон миллатҳои дигар қариб, ки қисми зиёди сокинони мамлакат мавриди таҳдид ва куштори онҳо қарор гирифтанд. Кушторҳои ваҳшиёнае, ки онҳо анҷ

 

ом додаанд ҳоло дар қалб ва ёди ҳамагон

 

 ҷой дорад. Дар даврони бесарусомонї бо усулҳои ваҳшиёна ба қатл расондани сарбозони рус ва ғайраву ғайраҳо. Сабабгори ин ҳама ҳодисаҳои даҳшатангез ҲНИ  ва пайравони ў буданд, ки имрўз низ мехоҳанд, воқеан солҳои сипари гаштаи хунрезиҳоро баргардонанд.   Ва ин ҳама қаҳрамониҳои наҳзатиҳо аст. Таърихҳои охир нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кўшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намуда, дар ин аъмоли зишти хеш мардумро алалхусус ҷавонон ва шахсони ноогоҳро пайроҳаи хеш намоянд. Онҳо на мафкура ва на ҳувияти миллї доранд. Ҷоҳилу хоҷапараст буда, дар асоси супоришҳои қудратҳои манфиатҷў фаъолият доранд. Ва ҳадафу мақсадашон ноором сохтани мардум ва фазои сулҳу оромист.

Нуқси худро ҷоҳилон банданд бар пои Худо

Гар ҷаҳон вайрон шавад рўзе, зиҷоҳил мешавад.

Дар ҳақиқат ҳам чунин, аст аъзоёни ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом  аз зумраи ҳамин ҷоҳилон ҳастанд, ки умқи андешаҳояш онро ҷоҳилї ғасб кардааст. Онҳо дигар на ақли солим ва мафкураи мустақил доранд, ҳамеша пойбанди манфиатҳои он сагони хориҷияшон ҳастанд.  Ва он шахсе, ки хиёнат ба Ватан мекунад ў хиёнатро ба модар мекунад. Лекин хоинони миллат ба мақсад намерасанд, зеро, ки имрўз аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалї Раҳмон, мо дар фазои тинҷу оромї ҳаёт ба сар мебарему Ватанамон зебову дилрабо гаштааст. Ва дар ҳар лаҳзаҳои душвор ва мушкил Пешвои миллати мо ҳамроҳи халқи тоҷик буд. Ва ҳоло  ба  ҳамаи мо маълум аст, ки сар то  сари ҷаҳонро бемории ковид 19 фаро гирифтааст. Пешвои муаззами мо бори дигар исбот намуд, ки чихел бо халқ будан дар кор ва чи хел дасти мадад дароз кардан зарур аст. Дар ягон давлатҳои бузург мо аз тарафи роҳбарияти давлаташон надида будем, чун Президентамон дар ҳаққи мо ғамхорї карда буданд. Он кўмакҳои башардўстонае, ки  барои тамоми гўшаву канори Тоҷикистон равон агар диданд таъмин намудани аҳолї бо ғизо ва доруворї. Иншаҳодат аз он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар ҳар лаҳзаи душвору сангин бохалқи худ ва бомиллати худ аст ва нагузорад, ки халқи бору номуси тоҷик  дар душворї бошад. Дар солҳои ҷангї шаҳрвандї ҳам исбот намуд, ки чї хел  ба  ҳар як  хонадон сулҳу оромї овард. Обрў ва эътибори Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналхалқї бароврд, мамлакати моро аз бумбасти коммуникатсионї баровард. Тоҷикистон  дар харитаи ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлол акс гардид, соҳиб шудани Парчам, Нишон ва Суруди миллї, қабул намудани Конститутсия, ки баҳри осоиши мардум истифода мешавад   ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдати миллї. Албатта Ваҳдат ва истиқлолият дастоварди бузурги миллати тоҷикаст, ки дар саҳифаҳои зерини таърих дарҷ гардида, ба наслҳои оянда мероси бой ва маънавї мегузорад.Ин ҳама заҳмату талошҳои Сарвари давлатамон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалї Раҳмон буд, киТоҷикистони азизи моро ба ҳаёти осоишта баргадонд. Ҷумҳуриямонро рўз аз рўз хеле ободу зебо гардонда, бунёди роҳҳои ҷавобгў ба стандартҳои байналхалқї, нерўгоҳҳои барқї обї, биноҳҳои боҳашамати зебову замонавї. Ва мо ҳам ҳаматара факўшиш ба харҷ диҳем, ки барои зебои ва ободии Ватан саъю талош кунем .  Имрўз чандин давлатҳое ҳастанд, ки соҳибизабон, марзу бум  парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон  ба боди фаромўшї рафтааст. Дар баробари  ин имрўз давлатҳои ҷангзадае ҳам  ҳастанд, ба мисли Афғонистон, ки ба сулҳу суббот ва Истиқлолияти миллати тоҷик ҳавас доранд. Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Мо намегузорем, ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсони манфурхалале ворид шавад. Мо тоҷикем ва тоҷ дорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо хор нахоҳем кард ва мо аз давлати демократии худ ифтихор мекунем ва аз  дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон шукргузорї менамоем.

Райҳонбегим Мавлобахшзода

Log in

create an account