Мақолаҳо

Кирдорҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар Расонаҳои иттиллоотӣ ягон асос надоранд

Сару садоҳои шахсиятҳои дар нохунак «дилсӯз ва меҳрубон» -и меҳан,  ки аҳён аҳён аз кишварҳои гуногуни дунё бо симоҳҳои цайрирасмӣ ва даҳшатовар ногаҳон тариқи расонаҳои иттиллотӣ ва хабарӣ пайдо мешаванд, мардуми Тоҷикистони азизро ба изтироб меоранд.

Ин шахсиятҳоро мо аз лиҳози ҳам донишу савод ва ҳам сиёсат ба расмият намешиносем ва ҳайҳоти ин гуна хоинони миллату давлат.

Аз суханҳояшон дар расонаҳои гуногуни хабарӣ маълум мешавад, ки нисбати сулҳу оромӣ ва пешравии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ватани маҳбубамон, Тоҷикистони азиз ҳасад бурда, андӯҳгин мебошанд ва мақсади асосиашон бо ҳар роҳи фиребу найранг дар пешравии давлати тоҷикон монеаҳо эҷод кардан аст.

Ҷойи бисёр таасуф, афсус ва нигаронӣ мебошад, ки тоҷике, ки дар ҳамин меҳан, ба дунё омадааст, обу нони ин давлатро истеъмол кардааст, ба воя расидаасту худро шинохтааст, имрӯз ношукрӣ карда, душмани ашадии ин давлату миллат гаштааст.

Дар урфият мегуянд, ки «Гови бешир овозаш баланд аст». Пеш аз он, ки шахсият нисбати давлату миллат ва роҳбари давлат бояд ҳарф занад, аввал гуяд, ки баҳри ин ватан, ки дар оцуши гармаш ин «инсонҳоро» ба воя расонидааст, чи гуна саҳм гузоштаанд. Баҳри ободӣ ва созандагии ин кишвари биҳиштосо кадом корҳоро анҷом додаанд.

Аз ин ҷост, ки касе набошад, албата бо дахолати хоҷагони хориҷӣ ва маблацгузории онҳо оиди давлатдории тоҷикони имрӯза, ҳуқуқи маънавии ҳарф задан ва муаррифи кардани худро ба воситаи расонаҳои иттиллоотӣ надорад.

Мардуми баору номуси тоҷик, дигар дар доми ягон шахсе, ки  душмани ашадии ин миллату давлат мебошанд, фирефта намешаванд.Баръакс аз суҳбати хоинона ва царазонаи чунин фардҳо безор буда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебаранд.

Мо итминони комил дорем, ки ин гуна фардҳоро  давлату миллат ва халқи ба ору номуси тоҷик ба расмият намешиносанд ва албата ин аъмоли онҳо нобахшидани мебошад.

Барои чи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат, як бору дигар бор нохалаф Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ҳамчун афроди осӣ ва лаимро мебахшанд, ва онҳо бошанд дар ивази ин ҳама бахшиданиҳо боз ба монандаи сагҳои дайду аз дури дуриҳо ба мардуми тоҷик луқмапартоӣ менамоянд.

Ин ашхоси нохалаф ва беномус, ки нисбати меҳан ва мардуми бомаърифат ва соҳибфарҳанги Тоҷикистони азиз ин қадар нафрат доранд, нобахшидани буда, бояд дар назди давлату миллат қотеъона ҷавоб диҳанд.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дастгирию цамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар  пайваста бархудор буда, аз ин ҳам ифтихор доранд ва шукронаи онро ба ҷой меоранд.

Имрӯз мо дида истодаем, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳои калонҳаҷм пур аз маводҳои озуқаворӣ ва доруворӣ баҳри дастгирии бевоситаи табибоне, ки шабу рӯз дар хизмати мардуманд ва маризоне, ки аз хуруҷи касалиҳои сироятӣ табобат мегиранд, ба шаҳри Хоруц ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардиданд.

Ин аст дастгирии мардум, ин аст дилсузӣ нисбати оилаҳои камтаъмину камбизоат, дастгирии табибоне, ки ба хуруҷи ҳар гунна касалиҳои сироятӣ муборизаи беамон мебаранд ва албата ба мардуми худ хизмати шоиста менамоянд.

Мо мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри ин ҳама дастгириҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдории худро баён менамоем.

Садоҳо ва овозҳои шахсони нохалаф чун Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки аз  гушаю канори мамлакатҳои дунё ба воситаи ҳар гуна расонаҳои иттиллоотӣ мардумро ба нооромӣ ва ифротӣ даъват менамоянд, маҳкум карда шуда, ба фикру ақоиди ин афроди разил ҷавоби дандоншикан зада мешавад.

Мо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо умеду орзуҳо ва шукргузорӣ аз ватани маҳбубамон, Тоҷикистони азиз ифтихор намуда, пайваста дар рушду нумӯи он саҳми арзандаи худро мегузорем.

Мардуми ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид сохта, нерӯи бунёдкоронаи онҳоро баҳри вусъат бахшидани корҳои ободкорию созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона  намудааст.

Корманди Раёсати маорифи ВМКБ Одинашо Мардов

 

Log in

create an account