Мақолаҳо

Ҳадафи Кабирӣ

Ҳадафи Кабирӣ

Баромади нави Кабирӣ маро ба ҳайрат гузошт,ки то ин замон ҷонибдоронаш ӯро ҳамчун сиёсатмадори тавоно ,олим ва фозили дурандеш метарошиданд. Дар баромадҳояш низ беандешона сухан намуда , ҳамеша симои худро баръакси тавсифи ҳаммаслаконаш нишон медиҳад, ки ин сиёсатмадорон ва фозилонро ба андеша водор месозад.

Аслан сиёсатмадорон мардуми дурандеш, дар илм тавоно ва ҳамеша ҷонибдори оромву осудагии давлату миллат буда, ҳеҷ гоҳ хостгори хунрезиву ваҳшат нестанд. Сиёсатмадоре,ки ҳалли масоили сиёсиро дар хунрезӣ мебинад , ба ҳеҷ васила сиёсатмадор нест.

Пас Кабирӣ чаро хостгори инқилоби нав аст? ӯ боз барои ба мансаб расидани муллоҳояш магар ин иқдомро пеша дорад.

Худ қазоват кунед , давлате,ки аз миёни хоку хун баромада, имрӯз дар роҳи рушди боэътимоди хеш қарор дорад ва мардуми олам ба осудагиву сулҳу ваҳдати мо ҳасад мебаранд, Кабирӣ дар он инқилобро таманно дорад.

Магар  халқи азияткашидаи тоҷик.ки заҳри ин фиребгаронро чашида,солҳо дар ба дару овора гардид ,ба ин ҳарзагӯй ,к и бо супориши бегонагон  даст бар разолат мезанад ва бар сӯи ватан санг меандозад, бовар мекунад.

Ба ёд биоред. Дар солҳои сар баровардани ҲНИ онҳо ҳамин шиорро доштанд. Инқилоби исломӣ бо ҳамин шиор деҳқонони пахтакорро аз сари заминҳо ба мошинҳо бор карда ба маркази Душанбе оварданд. Мардум худ намедонистанд,ки онҳоро куҷо мебаранд ва ин сияҳкорон чи аз ин ҳама сияҳкориҳо чи ҳадаф доранд.

Ҳарки нияти онҳоро пай бурд, аз моҷаро дур шуд вале заҳри онҳо ба давлату миллат расид.

Кабирӣ намедонад,ки миллати тоҷик дигар он раҳгумзадае нест,ки ӯро имрӯз боз фиребад ва ба роҳи бад андозад.

Ҷаноби Кабирӣ шумо агар  сиёсатмадор бошед,нахуст ба маданияти сухан ва одоби муоширати инсонӣ такя намоед. Сиёсатмадорон дониши амиқ ва мулоҳизакору пухтакоранд, на бадгӯву бадандеш, на роҳзану манфиатхоҳ. Аз ҷониби дигар бедор шавед. То кай хокро бо супориши бегонагон ба сӯи ватан бод мекунед.Мардӣ ва сифоти он аз ҳама боло меистад.

Носири Хусрав чанд аср пеш дар боби мардӣ фармудааст:

Туркон ба пеши мардон ,з-ин пш дар Хуросон,

Буданд зору оҷиз, ҳамчун зани саройи,

Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро,

Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

Ғурури мардӣ барои мард ифтихор ва сарбаландии ӯст, ки ғурури миллӣ низ аз он маншаъ мегирад.Биё.ба қадре,ки метавонӣ ғурури мардӣ ва миллии худро нигоҳ дор.

Кабирӣ ба қазияи Душанбе такя намуда,бегуноҳии саркардагон аз қабили Ҳоҷӣ Ҳалим ва шариконашро иброз медорад.

 Хонандаи азиз, бояд худ  огоҳ бошад,ки қазияи  гузаштаи Душанбе андешаи якрӯзаву ду рӯза нест балки он  амалиёти тарҳрезишуда ва мукаммали бурумнмарзист, ки он бояд ба воситаи  ин фарзандони  хиёнатпешаи миллат амалӣ мешуд. Сенарияи он дар хориҷа тарҳрезӣ шуда, ба воситаи Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон ва роҳбарони зархариди он ба  Тоҷикистон интиқол гардид. Ин Барномаи мушаххасро маблағи зиёде ҳамроҳӣ дошт,ки он бояд давра ба давра амали мешуд Маблағҳо бо ҳар роҳ масраф гардиданд.

 Амали гардидани ин сенарияи хом онҳоро дар назди хоҷаҳо сафед мекард ва пулҳои гирифтаи Кабириро низ ҳалол менамуд.                                                       

 Бо ин нияти нопок ин гурӯҳи ифротӣ даст бар хиёнати ватан заданд. Онҳо маҷбур буданд, ки бо ин рафтори сиёҳи  худ хоҷагони хешро  ором созанд, ва Кабирӣ сарвари Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон  низ барои  ба даст овардани  маблағҳои сиёҳи  хоҷагон шароити мусоид фароҳам орад.  Дар тасавуроти пасти ин афрод ҳанӯз хаёлоти бист сол пеш ҷой дорад. Онҳо ҳанӯз бар онанд, ки халқро  чун солҳои ҷанги шаҳрвандӣ  мефиребанд, ба ӯ яроқ медиҳанд  ва аз нав харобу хонавайронаш месозанду худ дар олами роҳати хеш бар салтанати  бемилатӣ  менишинанд.

 Шарафу номуси миллӣ, осудагии марзу бум ва нангу номи аҷдодро пушти по зада,ба  сӯи нияти нопоки худ  роҳ гирифта дар нимароҳ монданд.Беҳуда бузургон нагуфтаанд:

         Ҳар ,ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

        Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

                         

 Шумо хостгори он будед, ки бо дастгирии «Хоҷаҳо» Тоҷикистонро аз нав ба   коми бадбахтӣ андозед. Миллатро ба парокандагӣ ва давлатро ба касодӣ оваред

Ин раванди сиёсатмадорӣ ва иштибоҳи шумо дар роҳи сиёсат буд,ки симои шуморо ошкор намуд. Инқилоби дуюмини шумо ҳамон буд,ки ҷонибдор наёфт.Боз кадом инқилобро Шумо аз хориҷ хостгоред?

Шумо бояд огоҳ бошед,ки дигар мардум ба фиребу дасисаҳои шумо боварӣ надорад. 

                                                                                                  Шозода

Log in

create an account