Мақолаҳо

Тадбирҳои пешгирӣ ва муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир

         Бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидҳои бо густариши маводи нашъаовар алоқаманд, диққати асосӣ ба чораҳое дода мешавад, ки ба таҳкими муқобилият ба паҳншавии мухаддирот ва коҳиши зарар аз истеъмоли он равона шудааст.

        Аз ин рӯ, Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудааст: “Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти цайриқонунии маводи мухаддир аст. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ гардонида наметавонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад”.

        Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт фаъолияти муштарак дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ҷиноии марбут ба муомилоти цайрицонунии маводи мухаддир тадбирҳои зиёде амалӣ менамоянд. Чунончӣ, рӯзи 22 май кормандони амнияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ як сокини ноҳияи мазкурро бо сабаби даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир намуданд. Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 25-уми май бо эътироз аз боздошти ин мард даст ба тазоҳурот задаанд, ки ин амали цайриқонунии сокинони ин ноҳия буд. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Аз ин рӯ ҷавонони мо бояд ба чунин амалҳои ношоиста даст назананд. Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат ҳастем.

        Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.  

      Роҳбари давлат имрӯзу фардои ватанро бар дӯши ҷавонони кишвар вогузор намуда, дар паёми имсолаи хеш ба мақоми олии қонунбарори кишвар иброз дошта буданд, ки “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки набошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.

Мамадсалимов Н, муаллими калони кафедраи

таърихи умумии ДДХ ба номи М. Назаршоев

Log in

create an account