Мақолаҳо

Кирдори гурӯҳи ҷиноятпеша дар Рушон

Ҳодисаи дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Бадахшон рух дода бори дигар собит намуд,ки ин афрод ҳануз аз кирдорҳои ношоистаи худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд  мақсадҳои худро пиёда намоянд. Дар ин роҳ онҳо пеш аз ҳама ба мардуми аз кирдори эшон ноогоҳ такя намуда,байни сокинон ва макомотҳои тартибот фазои носолимро ба вуҷуд меоранд.

Қобилов Шароф яке аз ҳамин ашхос аст,ки борҳо авбошӣ карда,ҷавононро ба гумроҳӣ ва корҳои носолим мебарад.

Ин қабил одамон дар ҷомеа ва муҳит симои дигар ва дар байни сокинон симои дигар доранд. Онҳо худро вобаста ба раванди ҷомеа  тацйир медиҳанд.

Ин падидаи носолим,ки заминаи он дар шаҳри Хоруц мақоми бунёдӣ дорад, солҳо боз анъана дорад. Бунёди фазои носолим байи аҳолӣ барои онҳо муфид буда , ин раванд солҳо боз идома дорад. Монеъ шудани сокинон барои ба муҷозот кашидани ҷиноятпешаҳо бозори ин ашхосро боз ҳам гиротар намуда,барои панаҳ бурдани кирдорашон паногоҳ бунёд месозад.

Аммо сокинон дарк намесозанд,ки ин қабил ба муҳит таъсири амиқ гузошта,фарзандони онҳоро низ дар ин роҳи носолим ва ба ҷомеа хатарнок раҳнамун месозанд.

Бо корд ҳамлавар шудани Қобилов Шароф ба кормандони амнияти ноҳия, ки шабу рӯз дар  ҳимояи  амнияти шаҳрвандон қарор доранд, аз кирдори носолими ин фард гувоҳӣ медиҳад.

Ин шаҳодат бар он аст ,ки ӯ на яку ду бор балки пайваста авбошӣ зоҳир намуда, аз чашми қонун пинҳон будааст.

Имруз вақти он расидааст,ки ҷомеа баҳри ҳифзи солимияти муҳити худ ва ҷомеаи худ бо ин гуна одамон муборизаи беамон баранд.  Бояд ҳушдор шуд .ки мо дар ҷомеаи зиндагӣ ва фаъолият дорем ,ки дар он  қонун волотарин мақом дошта , дар назди он шоҳу гадо баробар ҷавоб хоҳад дод.

Қобилов Шароф низ барои содир намудани ҷиноят бояд муҷозот гардад, то дигарон донанд,ки ҷинояткор барои содир намудани ҷинояташ дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод.

Иҷрои амали носавобро подаши носавоб бояд.

Шахриёр

Log in

create an account