Мақолаҳо

Роҳи ҳалли ҳар мушкилӣ ҳамдигарфаҳмӣ аст

Мафҳуми  “марз” ин  ҳад, ҳудуд,  сарҳад,  мамлакат, кишвар,  марзу бум сарзамин ва кишвар буда,  барои ҳар як инсон муқаддас  мебошад.  Дар масири таърих гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик  арҷгузорӣ ба марзи Ватан, пос доштан ва муҳофизат намудани онро вазифаи муқаддас ва пурифтихори хеш  дониста, баҳри ҳимояи он ҳатто ҷони худро низ дареғ намедоштанд ва ҳимояи онро қарзи  ҳар як фарди баору номус медонистанд.

Марзе, ки  имрӯз барои Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва халқи тоҷик дар он умр ба сар мебаранд, нишонгари он аст, ки  ин миллатро дар ҷаҳон мешиносанд ва бо он ҳамкорӣ доранд. Барои мо моҳяи ифтихор аст, ки  моро имрӯз ҳамчун миллати дорои марзу буми худ мешиносанд ва қадр менамоянд. Имрӯз барои тоҷикон ҳаммарз будан бо давлатҳои ҳамсоя як ифтихори бузург аст. Зеро аз қадим  мо бо ин ин халқиятҳо бо ҳамдигар дўстона зиндагӣ намуда, аз азал ҳамчун як халқи муттаҳид ва муаррифкунандаи сарзамини Шарқ сарбаландона зиндагӣ мекардем. Ба ин хотир, имрўзҳо низ пайваста талош бар он дорем ки бо ҳамаи мамалакатҳои ҳамсояи хеш дўстона муносибат намуда, дар ҳамкорӣ бо ин давлатҳои ҳамсоя кўшиш  намоем то ин сарзамин ҳамеша ором ва пайваста дар пешрафт бошад ва дар баробари дигар минтиқаҳои олам рушд кунем,  ҳамқадам ва  ҳамзамон бошем. 

 Сарзамини куҳанбунёди мо имрӯз бо кишварҳои Афѓонистон, Узбекистон, Қиризистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Мутасифон имрӯз бо ташаббуси як гурӯҳ манфиатхоҳон, ки мехоҳанд дар минтақаи Осиёи Миёна байни тоҷикону қирғизҳо  алангаи оташ бархезонанд, масъали марзро ба миён гузошта бо ин васила ин ду халқи дусту бародарро бо ҳам ҷанг андозанд. Қобили қайд аст, ки борҳо дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва ҳатто  т чандин нафар дар ин муноқишаҳо ҷони худро аз даст доданд. Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Умеди комили ҳар ду ҷониб, яъне ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар он  аст, ки ин мушкилро танҳо бо роҳи эҳтиромгузорӣ, адолат ва дӯстӣ бояд ҳал намуд. Ин мушкилу монеа ҳанӯз боқимонда аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки тарафҳо мехоҳанд, ки аз 467 километри марзи баҳснок  дар навбати аввал 114 километри онро аломатгузорӣ кунанд ва мардуми  ҳар ду ҷумҳурӣ орзу доранд, ки дӯстона ҳаллу фасл намудани ин масъалаи  мушкил ягона роҳи боадолат ва ҳалкунанда  мебошад.

Саидраҳмонов Насим

Log in

create an account