Мақолаҳо

Миллат аз афрод меёбад низом…

Мақолаи «ТОҶИК, ТИҶИКИЯТ, КОРОНОВИРУС ВА НАНГУ НОМУС», ки муаллифонаш Азимҷон Раҳмонзода –муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Фирдавс Мирзоёров устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки санаи 16-05-2020 дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, ҷавоби дандоншикан аст ба он «ҳаммиллатон»-и мо ,ки бо ҳар гуна  баҳона мехоҳанд давлату миллати моро бадном созанд ва ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд.

Ҳақиқатан мо имрӯз шоҳиди онем, ки ин вабои аср давлатҳои абадқудрати дунёро ба таҳлука андохт ва онҳо сари калобаи худро гум карданд. Имрӯз дар ИМА мамлакатҳои Аврупо ва Чин ин беморӣ ҷони ҳазорон нафарро гирифт ва садҳо ҳазор нафарон ба ин беморӣ гирифторанд.

Албата  Ҷумҳурии мо, ки бо 4 давлати дигар бевосита сарҳад дорад ва ба аксарияти мамлакатҳои дунё равобти иқтисодӣ ва равуо доранд, наметавонист  ин бемориро ба кишвар роҳ надиҳад. Хушбахтона  аз рӯзи пайдошавии нишонаҳои ин касалӣ дар Чин роҳбарияти давлати мо худро бепарво нагирифт ва оиди чораҳои пешгирии он ва шаклҳои мубориза бар он чораҳои заруриро андешид. Мардум ба воситаи рӯзномаҳо ва воситаҳои ахбори омма  аз ин вабо огоҳ шуданд, доир ба пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавсиядиҳӣ-ро ба роҳ монданд.Аз ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ талаб карда шуд,ки барои хариди ниқоб ,дастпушак маводҳои антисептикӣ ва гипохлорид аз ҳисоби буҷҷа маблац ҷудо кунанд ва кормандонашонро бо ниқоб ва дигар лавозимотҳо таъмин намоянд.

Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан  ТТЭ ҲНИ, дигар гурӯҳои террористию ифротгаро ва шахсони манфиатҷӯ ,ки аз ободию оромии Тоҷикистони азиз  ба талука афтодаанд бо ҳар роҳу усулҳои нопоки худ мехоҳанд ба ҷомеаи кишвар таъсири манфӣ расонда, онро ба ҳар тарзу усул ба вартаи ҳалокат кашиданианд.

Террористону ифротгароон ва онҳое,ки ин гуруҳоро роҳбарӣ мекунанд дар баробари таъмилу ҳамлаҳои психологӣ аз туҳмату буҳтон ва бадномкунии ҷомеа истифода мебаранд. Онҳо умед доштанд,ки ин вабои аср давлату миллати тоҷикро хароб карда ба по мефтонад ва барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ замина фароҳам меоваранд. Ин бори чандум аст, ки ин «миллатдӯстон» дар лаҳзаҳои мушкил ба ҷойи ёрии амалӣ расонидан баръакс туҳмат, ицво ва бадномкуниро пешаи кори худ кардаанд.Онҳо дар пайти онанд,ки кадом камбудиро ёбанд,ки байни давлату миллат ва табақаҳои ҷомеа низоъ андозанд, ваҳдат ва якдилии миллиро ,ки бо ҷоннисории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад халалдор созанд.

Имрӯз мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон худ дида истодаанд,ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср чи чора андешидаистодааст. Ёрии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми манотиқи Тоҷикистон, дастгирии ин ташаббуси бузург аз ҷониби соҳибкорони мамлакат, дастгирии ташаббуси Президенти мамлакат оиди гузаронидани маоши якмоҳа ба суратҳисоби махсуси мубориза ба касалии сироятии коронавирус КОВИД -19 ва дастгирии он аз тарафи кормандони мақомотҳои давлатӣ ва дигар шаҳрвандон бори дигар ваҳдату ҳамбастагии миллату давлатро нишон дод.

Ба ҳамагон маълум аст,ки солҳои ахир кишварамон ба яке аз давлатҳои ру ба тарақӣ табдил ёфтааст.Дар мамлакат Ваҳдати миллии комил, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар авҷ аст. Халқи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонанд.

Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқебинона хуб мушоҳида ва таҳлил намуда мавқеи созандаи шаҳрвандии худро тақвият бахшем. Ҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки ба хотири ободонию пешрафти ватанамон, ҳаёти осоишта, таҳкиму сулҳу суббот талош варзем ва ҳама гунна ҷиноятҳоро дар кадом шакле, ки бошанд, маҳкум намоем.

Назаров Душанбӣ,

Директори МТМУ №32-и н.Ишкошим

Log in

create an account