Мақолаҳо

«Коронавирус» ва хоҳиши ба Тоҷикистон омадани он аз ҷониби хоинони миллат

        Ин чӣ дардест Худоё, ки ҷаҳон бемор аст,

        чӣ бало омада, ки пиру ҷавон бемор аст…

         Имруз ба сари аҳли башар балои пур аз хатар вируси «Тоҷдор» омада, ҳамаро ба чанголи марг ё хонанишин кард. Дар ҳақикат даҳшати ин «Вабо» аҳолии дунёро ба таҳлука андохта, барои чун солҳои «қаҳтӣ» захира намудани ғизо водор намуд. Халқ барои захираи ғизоии худ ба бозору мағозаҳо давидаву баъзе аз савдогарон бошанд, бо мақсади ба даст овардани ғанимат аз фоҷиаи мазкур нархҳоро то ба осмон бардоштанд. Ба замми  ин ҳама намояндагони ТТЭ ҲНИ, ПМТ, гурӯҳи – 24, ки худро «дусти халқ» муаррифӣ мекунанду, аммо заррае ба мардум дилсӯзӣ надоранд, тавассути сомонаҳои иғвогару дасисабоз миёни аҳолии кишварамон маълумотҳои бардурӯғ паҳн намуда, мардуми тоҷикро ба воҳима оварданд.

 Тибқи татқиқотҳои илми равоншиносӣ яке аз душманони асосии одам ин тарс, воҳима ё ба таҳлука афтодан аст, ки ҷисми инсонро заиф мегардонад. Ин кирдорҳои нохалафонаи Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Саидюнус, Варқӣ, Муҳаммадиқбол ва ғайра, ки сабабгори ба ташвиш овардани аҳолӣ буданд, дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд. Чунки ин амали ноҷавонмардонаи онҳо боиси марги якчанд нафар ашхоси сустирода низ, гардид.

         «Мо милати тоҷик дар солҳои 90 бадбахттарин, сангинтарин рӯзҳоро паси  сар кардем, иншооллоҳ ин мушкилиҳои пеш омадаро паси сар мекунем». (Эмомалӣ Раҳмон)

Бале, мо миллати тоҷик шукронаи Худованд мекунем, ки ба мо шахсияти нобаға, ғамхори халқу миллат, силакунандаи сари ятимон,  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмонро додаст ва мо бо ғамхориҳои шабонарӯзии ин шахси бузург ва қавииродагии миллати бо нангу номуси тоҷик ин «бало» - ро дар рӯзҳои наздик ва бо камтарин талафотҳои ҷонӣ паси сар хоҳем мекунем.

Сокинони мамлакат дар ин вазъияти пурҳассос ба Ҳукумати кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ва пизишкони Ҷумҳуриамон, ки ҷони худро дареғ надошта, шабу рӯз бо «Вабо» - и мазкур даст ба гиребон ҳастанд изҳори сипос мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин вазъият ҳамаи мардуми руи олам бо ҳам муттаҳид гардида, зидди вируси «беномус» ё «хордор»  муқобилият нишон дода истодаанд, ба ғайр аз як гурӯҳ хоинони миллати тоҷик, ки аз хориҷи кишвар истода ба захми миллат «намак» мепошанд ё ба сӯги халқ «доиранавозӣ» мекунанд.  

           Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

           ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам..

Оре, барои ҳар як ҷавонмард ё ашхоси ҳисси баланди миллӣ дошта, Ватан аз ҳама мӯқаддастарин мӯъҷиза ба ҳисоб рафта, манфиатҳои  миллӣ боло аз ҳама манфиатҳои дигар  мебошад.

Вале, ин суханон ва мисаръҳои зикршуда ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Саидюнус, Варқӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар «хоинон», ки ба неъматҳои парвардигор ношукрӣ карда, барои ба даст овардани «ду тангаи ночиз» ва «зиндагии даб – дабанок» манфиати шахсиашонро боло аз манфиатҳои миллӣ гузошта, тарки Ватан намуданд, ҳайф аст. Онҳо бо ин мақсадҳои «зидди миллӣ» назди душмани тоҷик сари таъзим фуруд оварда, бо дастуру супоришҳои охирин обруву нуфузи тоҷику тоҷикистониён ва билохира Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш доданиянд. Чихеле дар урфият гуфтаанд:

«Виҷдон – судияи ботинии ҳар як инсон аст»

Ин афроди хоин ё ба ибораи дигар душманони миллати тоҷикро то ҳол виҷдонашон дар азият намондааст ё монда бошад ҳам, аз ноилоҷӣ коре карда наметавонанд, чунки барои он «карру фарр», ки дар аврупо мекунанд пеши хоҷагонашон ҳисобот хоҳанд дод….

                                                         Суруши Абрӯй, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account