Мақолаҳо

Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба доми наҳзатиҳо ва дигар хоинони беномус намеафтад

Дар саросари ҷаҳон паҳн шудани бемории «Коронавирус» имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро ба ҷунбиш овардааст. Мутаасифона дар ҷумҳурии мо низ ин бемории вабо ба қайд гирифта шудааст. Мо набояд дилшикаста шавем баръакс муборизаи ҷиддӣ барем. Он қоидаҳое, ки ба мо духтурон тавсия медиҳанд, онҳоро хуб риоя намоем ва бо ҳар гуна расонаҳо ва иттилоотҳои ташкилоти терористии ҳизби наҳзати Ислом ва дигар хоинони гурӯҳи-24 бовар накунем. Мо тоҷикони қавиирода ҳастем ва ҳар мушкилиҳоро аз сар гузаронидем. Ва ин касалиро ҳам бо муттаҳидӣ, якдилӣ паси сар мекунем. Мо дида истодаем ва шоҳиди он ҳастем, ки Ҳукумати ҶТ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон чи гуна ғамхориҳо ва саъю талош мекунад нисбати халқ тадбирҳо андешида истодааст.

Аз рӯзҳои аввали пайдо шудани коронавирус дар тамоми манотиқи кишвар чораҳои пешгирӣ аз онро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла ҳануз дар даврае, ки дар ҷумҳуриамон ин вирус ба қайд гирифта нашуда буд, Пешвои миллат дар маҷлисҳо ҷиҳати пешгирии ин вабои ар супоришҳои махсус дод.

Ҳамин чораҳо ва роҳҳои андешида шуда буд, ки Тоҷикистон дар қатори ангуштшумор давлатҳое боқи монд, ки дар давраи хеш дар дучори ин вирус гардид. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои миллат исбот намуд, ки чи хел дар як давраи муайян халқро аз газанд дур нигоҳ кард. Ва ин ҳама дилсӯзӣ ва ғамхории Пешвои мо аст. Сарвари давлати мо ҳатто дар он рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баланд он дафтари кории худро тарк накарда ҳамроҳи мардуми худ буданд. Ва имрӯз он овозаҳое, ки дар расонаҳо аз ҷониби роҳбари ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, аъзоёни он Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳамақидаҳои курнамакаш, ки дар расонаҳо паҳн шудаанд, ҳама дуруғ аст. Зеро ин кору овозаҳои душманони мо аст, ки нисбати миллати худ ва Ватани худ мекунанд. Ва бар хилофи Ватани азизамон ҳар гуна дуруғу иғвогариҳоро бор мекунанд. Мехоҳанд боз мисли солҳои пештара шавад, чи тавре наҳзатиҳо ҷанги шаҳрвандиро ташкил карда мардуми зиёдеро ба қатл расонида буданд. Аммо бадхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсаду мароми худ намерасанд. Мардуми мо ҳеҷ гоҳ ба доми чунин наҳзатиҳо ва дигар хоинони беномус намеафтанд. Зеро халқи тоҷик ба ирода, ҷасорат, тавоноӣ ва меҳру муҳаббати беандоза ва эҳтироми бештаре нисбати Пешвои миллат доранд. Дар ин рӯзҳои мушкил мо бояд дар атрофии Ҳукумати худ мутаҳҳид бошем, то сарҷамъона дар мубориза бо Вабои аср пирӯз гардем.

Мухбири рӯзномаи оинаи зиндагӣ Чоршанбиева Гулҷамол

Log in

create an account