Мақолаҳо

Инсоф бояд дошт

Аз мутолиаи маводҳои шабакаҳои интернетӣ, бахусус «Ахбор.ком» бармеояд, ки онҳо ба мисли ВАО-и ба истилоҳ зард (жёлтая пресса) кор мегиранд, то ки муштариёни худро зиёд кунанд. Масъулони сомона як маротиба фикр намекунанд, ки дар вазъияти бе ин ҳам ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бемории коронавирус паҳн шудааст, маълумоту ахбори бардурӯғ, иғвоангез, бе факту далелро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳанд. Барои ҳар як мақолаву маълумоти нашршуда, онҳо бояд масъул бошанд. Бо чунин хабарҳои насанҷида ва бе бурҳон онҳо охир ба вазъи саломатии мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз дар сомонаи «Ахбор.ком» мақолаи бо аломатҳои пневмания бистарӣ шудани як гуруҳи сарбозони «Алфа»-ро дар шаҳри Хоруғ хонда, бори дигар ба иғвогарию ҳангомаҷӯӣ машғул будани масъулон ин сомона боварӣ ҳосил кардем. Ба беинсофии шумоён дигар ҳадду канор нест.

Раёсати тандурустии ВМКБ изҳор медорад, ки маълумоти дар мақола дарҷшуда дурӯғ буда, хизматчиёни ҳарбӣ дар сурати бемор шуданашон, дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ карда мешаванд. Дуюм, дар беморхонаи шаҳри Хоруғ умуман гурӯҳи сарбозон бмстарӣ карда нашудаанд, ки ин боз як дурӯғи маҳзи «Ахбор.ком» аст.

Тибқи изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ дар Прокуратураи генералӣ телефони боварии 235-11-11 фаъол аст, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намоянд.

 Ҳамзамон, аз аҳолии кишвар хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ бовар накунанд. Таъкид гардидааст, ки дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Раёсати тандурустии ВМКБ

Log in

create an account