Мақолаҳо

Иғвоҳои навбатии сомонаи «Ахбор.ком»

Сомонаи ифротии «Ахбор. ком» магар дигар ахбороти дохил ва хориҷӣ кишвар ғайр аз он, ки маълумотҳои бардуруғро дар сомонаи худ ҷой медиҳад, надорад. Мақолаи дуруғини навбатии Мирзои Салимпур имруз таҳти унвони «Як гуруҳи сарбозони гуруҳи махсуси «Алфа» дар Хоруғ бо аломати пневмония бистарӣ карда шудаанд» ба нашр расид.

 Якчанд суол ба ҷаноби Салимпур дорем, ки сарбозони «Алфа» бояд бемор нашаванд? Ё шумо аз онҳоро одам намеҳисобед?   

Як рафиқи наздики ман дар «Алфа»-и ВМКБ хизмат карда истодааст. Пас аз мутолиаи ин дуруғини Салимпур ба ӯ занг зада, ҳолу аҳволашро пурсон шудам. Ҳамсуҳбати ман ин дуруғи маҳзи Салимпурро қотеона рад намуда, иброз дошт, ки дар байни хизматчиёни «Алфа» ягон нафар бемории «илтиҳоби шуш» ё «пневмония» нест. Танҳо як ё ду нафар мубталои бемории миёндард гардидаанду, халос. Имрӯз дар саросари кишварҳо баҳри пешгири ва нобудсозии вабои аср «Коронавирус» муборизаи дастаҷамъона бурда истодаанд. Мирзои Салимпури мо бо хоинони дигари «ҲНИ»-ти «аз паша фил» сохта бо гапҳои пучу бемаънӣ мардуми тоҷикро мехоҳанд ба таҳлука афтонанд.  

Аз таърихи инсоният ба мо маълум аст, аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи «вабо» ба амал омада, аз соли 1961 то 1963 бошад пандемияи ҳафтуми чунин бемориҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз шиддати онҳо одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд.

Солҳои 1918-1919 сокинони як қисми кишварҳои дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи "испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Зимни ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, ё худ пандемияҳо зиёда аз 500 млн. одамон дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн. нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин, ин намуди пандемия соли 1957 арзи вуҷуд кард, ки хисороти зиёди ҷонӣ ва иқтисодиро ба амал овард.

Шиддати «коронавирус» дар рӯзҳои охир дар аксарияти давлатҳои дунё паҳн гардида, зиёда аз 3,5 млн. нафар сироят ёфта, ҳарруз даҳҳо ҳазор одамон ҷонӣ худро аз даст дода истодаанд.

Ба Салимпур гуфтаниям, ки «Ахбор.ком»-ро маҳз барои минбари террористону ифротгароён гардонидан ҳамчун «сомонаи террористӣ» фаъолияташро дар ҳудуди ҶТ мамнуъ эълон карданд. Аз ин ифлоскориву иғвогариатон кай даст мекашед, Мирзои Салимпур? 

Б.Муборакқадамов

сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account