Мақолаҳо

«Ахбор. ком» - сомонаи ифротиён

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, рузҳои охир дар сомонаи «Ахбор.ком» мақолаҳои мазмуни иғвогароёна ва беасосро нисбати Тоҷикистон анҷом дода истодааст. 

Ростӣ банда пас аз мутолиаи мақолаҳои дар сомонаи «Ахбор.ком» нашр гардида, хостам қалам ба даст гирифта, барои ҳимояти миллату кишвари худ якчанд, сухане бинависам.

Гарчанде, санаи 08.04.2020 Ҳалномаи Суди Олии ҶТ оиди бастани сомонаи «Ахбор.ком» дар ҳудуди ҶТ ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда, ВАО-и ҷумҳурӣ онро паҳн карда бошад ҳам, вале то имрӯз ин шабакаи ифротгароӣ ба мағзшуии ҷавонону наврасони ноогоҳ машғул аст.

Сомонаи мазкур минбари асосии гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ буда, фаъолияти он ба асосҳои сохти конститутсионии кишвар зарар мерасонид.

Имрӯзҳо вақте, ки мардуми кишвари азизи моро паҳншавии «коронавирус» ба ташвиш овардааст, «Ахбор.ком» бо баъзе аз хоинони миллати тоҷик дар Аврупо истода, аз бемории ба сари мардуми тоҷик омада, хурсанди кардаистодаанд.

Ин сомонаи ифротӣ, ки сармуҳаррираш Мирзои Салимпур аст, соат ба соат маълумотҳои бофтаву сохтаи беасосро аз куҷое пайдо намуда, шумораи гирифторони бемории «коронавирус»-ро даҳҳо маротиба зиёд нишон дода, мехоҳанд мардуми тоҷикро ба таҳлука афтонанд, вале имрӯз мардуми кишвар ҳама аз як гиребон сар бароварда роҳи пешгирӣ аз ин зукомро пеша карда истодаанд.

Мирзои Салимпур, Ҳукумати ҶТ-ро ба ин ҳолат гунаҳкор намуда, бо ин роҳ худро мехоҳад «дилсузи мардум» нишон диҳад. Ҳилаҳои ин душмани кишварро мардум пай бурдаанд ва ба мақолаҳои беасоси ӯ дигар касе бовар нахоҳад кард.

П.Саодатқамов

нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account