Мақолаҳо

Алим Шерзамон душмани Тоҷикистон

Чанд рузи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ Алим Шерзамон дар кишвари бегона иқомат намуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ гуфтугуҳои пучу  бемазмунро нисбати Тоҷикистон анҷом дода истодааст.

Ростӣ банда суханҳои бофтаву сохтаи ин махлуқро намехоҳам рӯи қоғаз орам. Аз гуфтори ақидаҳои ӯ дар сомонаҳои интернетӣ ҳар як фарди солимфикри миллати тоҷик шарм мекунад.

Алим Шерзамон шахсияте ҳаст, ки ӯро метавон бо як миқдор маблағи ночиз харидорӣ кард ва чӣ тавре, ки маъқул аст, ӯро мисли занҳои сабукпо истифода хоҳи бурд.

Алим Шерзамон бо гуфторҳои зиёди аблаҳона дар ин рузҳо, ки кишвари азизи моро паҳншавии бемории сироятии «коронавирус» ба ташвиш овардааст, ӯ аз ҷое пайдо шуда, худро як фарди дилсузи мардум вонамуд карад, Ҳукумати ҶТ-ро ба ин ҳолат гунаҳкор намуда истодааст.

Бадбахтона баъзе аз ҷавонони  ноогоҳ дар гирду атрофии ӯ ва Кабирии хоин чарх мезананд, бедарак аз он, ки Алим Шерзамон ва Кабирӣ муфтхур буда, ҷавонони ноогоҳи тоҷикро дар гирди худ ҷамъ карда дар гирдоби пур аз азобу машаққат ғарқ карда истодаанд. Боз аз он ҷавонони фирор карда, то як муддати муайян дурӣ меҷуяд, ки  ин сенарияҳои Алим Шерзамон ба ҳамагон маълум аст.

Он шахсони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ҲНИ-тиҳо ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, акнун аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи худ пушаймон ҳастанд ва наздикони онҳо роҳбарони ин ташкилоти террористӣ-экстремистиро доимо дуоҳои бад карда, нисбати ин хоинони миллат нафрат доранд.

Алим Шерзамон ҳатто дар баромади худ, забони ширинӣ шуғниро доғдор намуда, ин забони шевои моро хиёнаткор барои амалҳои зишти худ истифода бурда истодааст. Алим агар мард мебуд, ҳамсараш, ки барои баргардонидани маблағҳои қарзиаш аз бонкҳои ш.Хоруғи ВМКБ  дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, дастгирӣ менамуд.

П.Саодатқамов

нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account