Мақолаҳо

БАРДОШТ АЗ ДАМИР ҚОСИМОВ

Албатта пас аз мутолиаи ин гуфтаҳо ёдам меояд замони бесарусомониҳои солҳои пеш, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон  бо таҳаммулпазирию  таҳаммулгароӣ ва авфи ҳамдигар паси сар намуданд. Албатта он даврае буд, ки миллати тоҷикро ба як торикие партоб менамуд ва пас аз он ҳар касе, ки соҳиби ақлу заковат буд, хатогиҳояшонро фаҳмиданду аз гуноҳи ҳамдигар даргузаштанд... Вале имрӯз чӣ?  Имрӯз ҳам ҳар касе ақлу заковат дорад, ҳамдигарро дастгирӣ менамояд, тасалову таскин медиҳад, зеро ин офат шояд барои бани башар як имтиҳоне бошад.

Вале афроде низ мехоҳанд аз ин “шамоли ҳодиса”  самаранок истифода бурда, баҳри мақом пайдо намудан ва ба хоҷагон бегонаи худ ҳисобот додан ба ҳар чизе мисли лошахурон мечаспанд.  Ба ҷойи баҳри ободии Ватан кушидану  дилбардорӣ кардану дасти кумак дароз намудан  ба халқу миллат неши кину адоватро баҳри  расонидани  халале бар тани маҷрӯҳи ҷомеа омода намудаанд.  Албатта ба гуфти Ҷомии бузургвор  “Муқтазои табиаташ ин аст...” . Дар баробари ин вирус-вабои аср  ин  бегонапарастон заҳри худро ба ҷойи пайдо ва кашфи “ваксина” баръакс мисли аҳриманҳо ба он кумак мерасонанд.

Як чиз маро дар ҳайрат мегузорад “ Чаро дигарон ҳангоми сар задан ё рух додани ягон ҳодиса ё фалокати ба сари миллаташон омада муттаҳид мешаванд, миллатҳо ба ҳам меоянд, вале миллати тоҷикро ин хоинони “меҳандуст” –и бегонапараст  ором намегузоранд.

Медонем, ки забонашон буррову нутқашон фасеъ... Вале аъмолашон ба ҷуз ғайбату кинаварзиву коштани тухми нифоқ нест... Ҳатто масоили шахсӣ ва кинаву кудурати хешро бори миллату ҷомеъа мекунанд. Хешро дар миёни сиёсатмадорон гуё дар сиёсат варзида мешуморанд, вале бехабар аз он ки хоҷагонашон кайҳо онҳоро бозичаи дасти худ гардонидаанд ва онҳо дигар наметаваонанд аз гапи онҳо сарпечӣ намоянд.

Мирзошоев С. Устоди ДДХ

Log in

create an account