Мақолаҳо

Муроҷиат ба иғвоангезон……

Дар давраҳои гуногуни таърихи инсонҳо бо ҳар гуна мушкилотҳо, мисли бемориҳо, пайдо гардидани ҳар гуна касалиҳо ва моддаҳои зарарнок дучор гардида, бо  якдили ва якмаромӣ  онҳо паси сар намуд. Имрўзҳо, низ мутасифона чунин вазъият ба вуҷуд омада ҷаҳони муосирро дар ташвиш мондааст. Чунин бемориҳои гузаранда, ки ба ҷони одамон тахдид мекунанд дар ҳар 50 ё сад сол ба вуҷуд меоянд, инсонҳоро водор месозанд, ки масъулиятро  дучанд зиёд намуда ба муќобили чунин падидаҳои номатлуб якдилона мубориза баранд.  Чаро ки инсонҳо дорои ќобилияти бузурге ҳастанд, ки метавонанд ҳамаи мушкилотро бартараф созанд.

Беморие, ки тайи моҳҳои охир ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст ин пандемияи Коронавирус  мебошад, ки ҳазорҳо одамон ҷони худро аз даст дода бештари аз онҳо кирифтори ин вабои аср гардиданд. Мутасифона дар Тоҷикистон низ нишонаҳои сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шуданд.

Хушбахтона давлату ҳукумат дар зери сиёсати пайгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби олї муҳтарам Эмомалї Раҳмон баҳри бартараф намудани  мушкилотҳо тамоми чораҳоро рӯи кор оварда шабу рӯз баҳри осудаҳолии марудм хизмат карда истодаанд.  Шабу рӯз кучаю пасткӯчаҳо ва  ҷойҳои истифодаи умум безарар карда мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳар соат моро аз тариќи ҳамаи воситаҳои ахбори омма водор месозад, ки мо бояд тамоми ќоида ва ќавонине, ки Вазорати тандурусї ва ҳифзи иҷтимоии алоҳолї онро пешбинї намудааст, ќатъан риоя карда, тибќи дастуроти он амал намоем. Зеро, ки пешгирии чунин мушкилотҳо садҳо маротиба афзалият аз мулоҳиҷа кардани он аст.

Аммо бадбахтона имрӯз мухолифини дар расонаҳо оиди мавьудияти ин касалӣ дар Тоьикистон ҳар гуна андешаҳои асосноккарданашударо баён карда истодаанд, ки ин ҳам бошад дар таҳлука ва дар васваса гузоштани мардумони кишвар мебошад. Коршиносон ва докторони кишвар ба таври пурра дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳукумати кишвар дар ҳамкори бо дигар ташкилотҳои давлативу гайридавлати пайваста баҳри пешгирии ин касали чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки давлат пурра барои таъмини саломатии мардум андешаҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Ба Шумо муҳтарам ватандӯстони берун аз ватан муроҷиат карда мегӯем, ки агар  дар ғами мардум бошед,  бо дуруғхои беасоси худ дар байни мардум овоза накунед. Мардумро бо асосҳои бардуруғи худ дар таалука наандозед. Беҳтар мешавад, ки барои марудм дастгирии моддӣ расонда якҷоя бо ин вабо истодагарӣ намоем.

Лола Назархудоева

Log in

create an account