Мақолаҳо

Расонаҳо бояд асоси воқеӣ дошта бошанд

      Аксарияти мардумони кишварҳои дунё  дастаҷамъона дар фикру зикри мубориза бар зидди хуруҷи бемории коронавирус мебошанд, ки роҳеро ҷустуҷӯ намоянд то ки аз он ба куллӣ раҳоӣ ёбанд. Вале мутаасифона дар кишвари азизамон Тоҷикистон бархе аз мардумон ба ҷойи дилбардории мардум ва ба ҷойи расонидани кӯмак ба мардум  баръакс бар тафаккури  мардуми кишвар маломату сангпартоиҳоӣ беасосу бе мантиқ карда истодаанд. Алалхусус дар расонаи иттилоотии «Ахбор.ком» аз ҷониби шаҳрванд Мирзо Салимпур ҳар гунна вокуниш ва мақолаҳои зиёде оиди  масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию маъданӣ баррасӣ мегардад, ки  ҳар яки онҳо дар асл ягон аоси воқеӣ надоранд. Хоҳем ё нахоҳем дар ҳар яке давлатҳои мутараққикардаи дунё норасоҳиҳои ҷузъӣ арзу вуҷуд доранд ва он марҳила ба марҳила бартараф карда мешавад. Агар ин марди «Худо»  аз  рӯи адолат ва аз нуқтаи назари ақлонӣ ба ҳар як масъалаҳои иҷтимоии кишварамон назар афканад маълум мегардад, ки Тоҷикистон баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ ҳаматарафа рушду нумӯъ ёфта ҳақиқатан ба як кишвари ободу озод мубаддал гашта истодааст. Вале кас ангушти ҳайрат мегазад, ки чаро то ҳанӯз ҳам бархе аз шаҳрвандони кишвар ин  пешравию тарққиёти кишварамонро  кулан нодида мегиранд?.  Маломат кардан ва танқид кардани кишвар ва  сохтори он роҳи ҳалли масъала нест. Эшон бояд хуб дарк намоянд, ин андешаҳои нопоку носолими онҳо дар нисбати кишварашон беҷавоб нахоҳад монд. Аксаарияти мардуми кишварамон бояд дар ин лаҳзаҳои ҳасос ба ҳам биёему якдилона ва дастҷамъона ба муқобили ин вабои аср уқовимат нишон диҳем, на ин ки бо андешаҳои пучу беасоси худ тафаккури мардумро дигаргун созем.

Ҷаббор Хуҷаназаров

Log in

create an account